Таътил бо китоб
Нашр шуд 2019-11-05 15:10
Аз аввали ноябр 790 нафар дар толори хониши кӯдакону наврасон ҳудудан 3 ҳазор китоб мутолиа кардаанд. Ин омори басо ҷолиб ва баёнгари он аст, ки кӯдакон наврасон бештар талош мекунанд вақти холии худро дар китобхона бо мутолиаи китоб гузаронанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна таътили тирамоҳӣ идома дорад. Хонандагон баъди ҷамъбасти чаҳоряки аввал муддате истироҳат мекунанд ва баъдан таҳсил аз нав шуруъ мешавад. Аммо ба назар мерасад барои аксари онҳо таътил маънои хобу фароғатро надорад. Имрӯзҳо даҳҳо тан аз хонандагони мактабҳои пойтахт ва ҳатто навоҳии атроф ба Китобхонами миллӣ меоянд, то рӯзҳои истироҳату фароғаташонро бо китоб гузаронанд. Чӣ хуб аст, вақте инсон барои худ китобро ҳамнишин меёбад. Ва яке аз толорҳои хониши пурхонандаи рӯзҳои таҳсил толори хониши кӯдакону наврасон аст.
Танҳо аз рӯзи аввали моҳи ноябр то кунун бештар аз 790 нафар вориди ин толори хониш шудаанд ва 2 ҳазору 939 адабиёт фармоиш додаанд. Ва ҷолиб он аст, ки беш аз 350 нафари онҳо хонандагоне мебошанд, ки нав узви Китобхонаи миллӣ шудаанд.
Таҳлил нишон дод, ки хонандагон рӯзҳои таҳсил бештар ба мутолиаи китобҳои устод Айнӣ “Мактаби кӯҳна”, Марги судхӯр”, “Ятим” ва “Одина”, осори Абӯалӣ ибни Сино, “Достонҳои “Шоҳнома”, “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдӣ, китобҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Ҳазору як чистон”-и Асадуллоҳ Сӯфизода, ҳикояҳои Азизи Азиз, шеърҳои Ҷӯра Ҳошимӣ, романи Кароматуллоҳи Мирзо “Дар орзӯи падар”, “Ҷанг ва сулҳ”-и Лев Толстой, “Афсонаҳо”-и А.Пушкин ва дигар адибони шинохта машғул шудаанд.
Касоне, ки майли кор бо комютерҳо доранд, низ кам нестанд. Барномаи ҷолиби компютерии Шуъба ҳамеша барояшон мароқангез аст.
Кормандони Шуъба талош мекунанд ҳар дархости хонандагони ҷавонро иҷро кунанд, то онҳо вақти худро беҳуда нагузаронанд.
Шаҳноза Дониярова,
сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон