Таърихи адабиёти ҷаҳон. «Рамаяна»

    Ҳиндуҳо аз халқҳои қадим ва соҳибтамаддун ба ҳисоб рафта,тавассути мероси зиёди таърихӣ, адабӣ, меъморӣ ва илмии худ дар бунёди фарҳанги умумиҷаҳонӣ мақоми муҳимеро соҳибанд.

 Адабиёту санъати муосири ҳиндӣ аз асотир ва ёдгориҳои таърихӣ маншаъ гирифта, дар заминаи онҳо ба давраи нави ташаккул расидааст.

  Яке аз ҳамин гуна шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ хамсаи қадими Ҳинд «Рамаяна» буда, дар олами адаби Ҳиндустон баъд аз «Маҳабҳарата» дуюмин достони бузурги этики ҳиндӣ ба ҳисоб меравад. Таснифи достонро ба шахси афсонавӣ, шоири Ҳиндустони қадим Валмикӣ мансуб медонанд.

     Аз рўи навиштаи муҳақиқон достон тақрибан дар асри IV то милод дар Ҳиндустони Шарқӣ таълиф ёфта, нусхаҳои имрўзаи он дар асри II мураттиб шудааст.

    Дар «Рамаяна» оид ба қаҳрамонҳои паҳлавони ҷасуру далер Рама, ки барои аз банди ҷодугар Равана озод кардани завҷааш Сита аз Ҳиндустони Шимолӣ ба Ланка /Шри – Ланка/ омадааст, нақл мешавад. Сужети достон дар асоси ҳамин воқеа ба вуқўъ омада, дар он воқеаву ҳодисаҳо ба ҳам омехта қаламдод шудааст.

    Аз ҷиҳати банду баст ва мазмуну мундариҷа он чун достони мукаммал аз воситаҳои тасвири бадеӣ бой буда, дар инкишофу тараққии илму маданият, фалсафа ва адабиёти ҳинд нақши муҳим бозидааст. «Рамаяна» боз аз он ҷиҳат маъруф ва маҳбуб аст, ки дар давоми солҳои дарози ғуломии мустамликавӣ дар Ҳиндустон ба дили халқ боварӣ ва умеди ояндаи дурахшонро ҷой кардааст.

   «Рамаяна» бо шарофати тарҷумаи Тулси Дас аз санскрит умри дубора пайдо намуд. Аз ин рў ин асарро «Рамаяна» –и Тулси Дас низ мегўянд, ки бесабаб нест. Академик А. П. Баранников, ки баъдан ҳамин «Рамаяна» –и Тулси Дас бо маҳорат ба русӣ тарҷума шудааст, менависад, ки «Рамаяна» –и Тули Дас тарҷумаи оддии «Рамаяна» –и Валмикӣ аз санскрит намебошад ва он метавонад ҳамчун асари оригиналӣ эътироф гардад.

  Ин аст, ки Рамяна дар Чин, Тибет ва мамлакатҳои Осиёи Ҷануби Шарқии асрҳои миёна мавриди такрор ба такрор нашр шудани он гардидааст. Дар асоси ин достон ва тарҷумаҳои он ба забонҳои банголӣ, малаялӣ, маратҳӣ, яванӣ ва ғайра эпосҳои халқҳои Ҳиндустону Индонезия ба вуҷуд омадааст.

   Хонандаи тоҷик низ ба намунаҳои ин шоҳкории ҷаҳонӣ шиносии дерина дошта, нусхаи комили он аз тарафи нашриёти «Адиб» /1987/ ба табъ расида, доираи хонандагони онро васеъ намуд. Ин ҳамосаи бостонӣ аз ҷониби шоир ва тарҷумони хушсалиқаи тоҷик Бобо Ҳоҷӣ аз рўи нусхаи силсилаи «Китобхонаи адабиёти ҷаҳон» тарҷума гардидааст. Дар қисмати тавзеҳоти нусхаи тоҷикӣ дар бораи ин ҳамосаи бостонӣ чунин маълумот омадааст.

  «Ҳамосаи бостонии ҳинд «Рамаяна» яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ мебошад. «Илиада» ва «Одиссея» чӣ хеле, ки дар Аврупо машҳур бошад, «Рамаяна» низ дар Осиё ҳамон қадар шўҳрат дорад. Катибаҳои Камбоҷа далолат мекунанд, ки ҳанўз дар соли шашсадум «Рамаяна» –ро дар ҳарамҳои маҳаллӣ мехондаанд. Тақрибан худи ҳамон солҳо нусхаҳои гуногуни эпоси қадимаи ҳинд дар Индонезия, Малай, Непал ва Лаос пайдо мешаванд. Дар қарни шашум «Рамаяна» дар Чин, Тибет баъдтар дар Муғулистон паҳн мегардад.

 «Рамаяна» ба забони санскрит навишта шудааст. Аз ҳамин сабаб ҳам дар Ҳиндустон «адикавя», яъне достони нахустин ва мусаннифи он Валмикиро «шоири нахустин» меноманд.

 «Рамяна» достони калонҳаҷм буда, аз ҳафт китоб иборат аст ва 24 ҳазор /шлок – ба маснавии форсу тоҷик монанд/ –ро дар бар мегирад. Асар ба забонҳои бисёри ҷаҳон тарҷума шудааст. Аз ҷумла, дар Русия порчаҳои алоҳидаи он дар асри XIX ба табъ расида буд. «Рамаяна» асосан достони манзум мебошад, вале баъзе бобҳои он дар шакли мансур омадаанд».

Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001

Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.