Табрикномаи маҳфилиёни «Дастони моҳир” бахшида ба Рузи модарон

Азизу меҳрубонам кист? Модар ,

Фурӯғи дидагонам кист? Модар.

Забони модарӣ  омўхт бар ман,

Ҳамеша дар забонам кист? Модар.

Сафои рўи одам офтоб аст,

Сафои хонадонам кист? Модар.

Маро беҳтар зи ҷон донист модар,

Гиромитар зи ҷонам кист? Модар.

   Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳате аз гул, нўш  аз ангубин, гармӣ аз офтоб  тароват аз борон, шукуҳ аз осмон,  боронгарӣ аз абр,  равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ ва андалебро қатра- қатра ҷам оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Модар, ту яктоӣ дар олами маъони, ту яктоӣ ба мисли офтоб, ки ҳар субҳи нозанин лаҳзае аз паси қуллаҳои баланд баромада, бо нурҳои  сафеду беғуборат дунёро рӯшноӣ меандозӣ. Модар! 

    Дар шуъбаи кӯдакон ва наврасон  бахшида ба Рузи модарон Маҳфили  “Дастони моҳир  дар мавзуи “Идат муборак Модарҷон!” баргузор гардид. Дар ин маҳфил ки  муалима бо хонандагони фаъоли шуъба тарзи сохтани табрикномаро аз маводҳои канселярӣ, коғазу картонҳои ранга шреш ва дигар маҳсулотҳое, ки барои тайёр  намудани табрикнома  лозим аст, истифода бурда, ба тамошобинони маҳфил нишон доданд.

   Саравал хонанадагон дар мавзуи Модар шеърҳои  пурмазмун қироат намуданд ва саволу ҷавобҳо  байни хонандагон баргузор гардид, ки «Чи бояд кард, то аз хидмате, ки модар кардааст, изҳори сипосу қадрдонӣ намоем”? Табрикномаи мо бо ороишоти аҷоиб оро дода шуда буд ва дар охир хонандагон аз ўҳдаи сохтани табрикнома хуб баромада, бо як завқи том барои модарони худашон табрикномаҳоро бо хушҳолӣ бурданд.

Дар лаби ҷўй мешинам,

Гул бароят мечинам.

Гул гӯи шуд гулдаста,

Бо ҳамдигар пайваста.

Бў мекунам, ки шояд,

Бўи модарам ояд.

                Гулчеҳра Сулаймонова