Маҳфили “Дастони моҳир” ва кенгуру
Бачаҳо дар маҳфили навбатии “Дастни моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар бораи ҳайвони халтадоре бо номи кенгуру ошно шуданд ва расми онро кашиданду бо истифода аз ашёи конселярӣ онро сохтанд.
Кенгуру ҳайвони пистондорест, ки барои табиати Тоҷикистон бегона аст. Аммо хонандагон бояд маълумот дар бораи он ҳайвонҳое ҳам дошта бошанд, ки мо дар асл намебинем, чун надорем.
Баъди ошноии муқаддамотӣ ва суолу ҷавоб билохира бачаҳо ҳам мутаваҷҷеҳ шуданд. Мураббиён аз баҳс донистанд, ки бисёре аз бачаҳо дар бораи ин ҳайвон як тасаввуроте доранд. Аксари онҳо мегуфтанд, ки дар барномаҳои телевизионии гуногун онро тамошо кардаанд. Баъзеҳо аз китобҳо хонадаву расмашро дидаанд.
Мураббиён дониши хонандагонро бо овардани маълумоти тозатар дар бораи кенгуру бой карданд. Дар охир онҳо тавонистанд онро тасвир кунанд, наққошӣ кунанд ва аз коғаз бисозанд.
Як маълумоти мухтасар дар бораи кенгуру
Дар асри XVII маллоҳоне, ки бори аввал ба соҳилҳои замини нав – “Ҳолланди Нав” (Австралия) расида буданд, ба ватан баргашта, нақл карданд, ки дар он кишвар махлуқи аҷоиб ва нодире зиндагонӣ мекунад. Қадаш баробар ба қади одам аст, чун паранда ду пой дорад, чун қурбоққаҳо ҷаҳида роҳ меравад ва сараш ба мисли сари гавазн аст. Аммо он вақт касе инро ҷиддӣ қабул накард. Танҳо соли 1770 дарёгарди машҳур Ҷеймс Кук ва ҳамроҳонаш ин ҳайвонҳоро паронданд ва муфассал онро тасвир карданд ва гуфтанд, ки сокинони маҳаллӣ онҳоро “генгуру” (кенгуру) меноманд. Аммо он замон Кук чизи асосӣ-халтаи кенгуруро мушоҳида накард.
Кенгуру ҷонвари алафхӯр аз хонаводаи дарозпоён мебошад, ки асосан дар Австралия ва Кения зиндагӣ мекунад. Олимон кенгуруҳоро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд – хурд (калламушҳои кенругу), андозаи миёна (валлаби) ва бузургҷусса. Кенгуруи азимҷусса ҳамроҳ бо шутурмурғ нишони давлатии Австралияро оро медиҳад. Кенгуруҳои азимҷусса боз ба 3 гуруҳ ҷудо мешаванд ва калонтарини онҳо ҳатто аз миёни ҳамаи халтадорон кенгуруи зард мебошад. Қади наринаҳои он ба 213 см ва вазнашон ба 85 кило мерасад.
Дар миёни кенгуруҳои зард дар ҳақиқат кенгуруҳои хеле нодир бо ранги зард вомехӯранд, вале аксари онҳо ранги дудии кабуд доранд. Австралиягиҳо онҳоро парандаҳои кабуд меноманд. Ба назар мерасад вақте онҳо дар гармдаштҳо (саванна) гаштугузор мекунанд, дар ҳақиқат селаи парандаҳои азимҷуссаи пастпарвозро ба ёд меоранд. Биолог Э.В. Рогачева менависад: «Вақте мехоҳад худро наҷот диҳад, кенгуру ҷаҳиши афсонавӣ мекунад. Ин беҳтарин тамошоест, ки дар табиат метавон дид”. Ҳолатеро ҳам ёд меоранд, ки вақти шикор кенгуру аз сари одамоне, ки рост меистоданд, ҷаҳида гузашт. Ҳодисае низ маълум аст, ки як кенгуруи зард аз монеъаи баландиаш 3,1 метр ҷаҳид.
Новобаста ба бузургии қаду қомат кенгуруҳои азимҷусса душманони зиёд доранд. Дуруст аст, ки ҳайвонҳои дарандае, ки ба танҳоӣ тавонанд ба кенгуру ҳамла кунанд, дар Австралия тақрибан вуҷуд надоранд. Вале онҳоро бештар кирми гиҷҷа (меъда) ва пашшаҳои регӣ мавриди ҳамлаҳои ҳалокатовар қарор медиҳанд. Ин ҳашараҳо наметавонанд пӯсти ғафс ва сахти кенгуруро неш зананд, аз ин рӯ ба бинӣ ва чашмонаш мехаланд ва дар натиҷа метавонанд ӯро кӯр кунанд.
Динго (саги ваҳшии Австралия), рӯбаҳони атроф ва уқобҳои фонадум душманони аслии бачаҳои кенгуру мебошанд. Вақте навзод дар халтаи модараш қарор дорад, барояш чизе таҳдид намекунад, чун кенгуру басо чобукона метавонад аз миёни галаи динго фирор кунад.
Албатта, бо бачаи аллакай калоншуда фирор кардан мушкил аст ва модар метавонад ӯро аз халта берун андозад ва ҷони худро наҷот диҳад. Рафтори золимонаву бераҳмона? Аммо магар дуруст аст, ки ҳарду бимиранд? Дар ҳоле ки дар алоҳидагӣ метавонанд ҳарду наҷот ёбанд. Ғайр аз ин кенгуруҳои модина танҳо ҳамон бачаҳояшонро мепартоянд, ки онҳо калонанд ва давидаву худро наҷот дода метавонанд ва боз ин ки онҳоро дар ҷое ҳаво медиҳанд,
ки тавонанд худро пинҳон кунанд.
Ва агар ҳамааш хуб анҷомад, модар ҳатман ба назди бачааш ва ба маконе, ки онро ҳаво дода буд, бармегардад ва онро то ёфтан мековад.
Ҳар касеро муяссар шуд, ки кенгуруро дар боғи ҳайвонот ва ё сирк бубинад, пас дар ёд дошта бошед, ки он кенгуруи валлаби аст. Маъмулан кенгуруҳои азимҷусса на дар Русия ва на дар Тоҷикистон дида намешаванд.
Яке аз намудҳои хеле ҷолиби валлаби кенгуруи дарахтист. Хӯроки ин навъи кенгуру барги дарахтон аст. Онҳо метавонанд ба баландии то 18 метр боло шаванд ва аз он мустақим худро ба замин ҳаво диҳанд. Вале агар саросема набошад аз боло чун хирсҳо дум ба поён хазида мефароянд. Шабона онҳо аз шохи дарахтон барои хӯрдани папоротникҳо ба замин мефароянд.
Ба омӯзиши ширхӯрҳои Австралия оғоз намуда, олимони аврупоӣ ба хулосае омаданд, ки ҳамаи ҳайвоноти ин минтақа дар гузашта халтадор будаанд! Дар ин минтақа халтадорон тавонистанд ҳамаи он имкониятҳои экологиро,
ки дар манотиқи дигар аз ҷониби ҳайвонҳои бузург ишғол шуда буданд, аз худ кунанд. Дарандаҳоро дарандаҳои халтадор иваз карданд: савсори халтадор, ҷини халтадор, паланги Тасманӣ ва ғайра.
Фирӯза Раҳимова,
мутахасиси Шуъбаи кўдакон ва наврасон.