Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз (Идома)

 Яке аз роиҷтарин мутифи хамриёти Ҳофиз бода – манбаи шодию хушдилӣ аст. Ин мутиф гарчанде дар адаби форсӣ таърихи куҳан дорад, дар шеъри Ҳофиз ба авҷи камолоти худ мерасад. Шоир дар баён ва тасвири он мазомин ва таъбироти нав дохил намуда, мўҳтавои онро бо киноёту ташбеҳоти тоза ғанӣ гардонидааст. Бода барои шоир як неъмати шодибахши атои Худовандист, ки боиси хуш гузаронидани ин умри кўтоҳ мегардад. Аз диди шоиронаи Ҳофиз инсон дар лаби баҳри фано қарор дорад, муддати як мижа задан кофист, ки ғарқ дар ин баҳри адам гардад.

  2Май  - мабдаи тасвир

  Май пеш аз ҳама дар ашъори Ҳофиз ба сифати мабдаи тасвир ба кор рафта аст. Қабл аз ў шуарои зиёде ба ин амал даст задаанд. Назари яктарафа аст, агар бигўем, ки Ҳофиз дар тарзи тасвир, тозакорӣ овардани ташбеҳоту киноёти нав аз пешиниён чирадастӣ дорад. Гарчанде тасвир ҷавҳари зотии шеър аст, аммо бузургии Ҳофиз танҳо дар тарзи тасвир нест. Ў аз май сухан мегўяд, бидуни он ки ғаразаш тасвири май бошад. Дар ин амал шеъри Ҳофиз ба худ як ҷозиба ва шуову ҳаракоте мегирад, ки ҳам дар омили маънӣ ва ҳам дар омили лафзии ў ин шўрангезӣ нақши худро аз даст намедиҳад. Илова бар тозакории шоир дар ин мавзўъ ҳамин шўрангезии лафзию маъавии шеъраш Ҳофизро ҳам аз пешиниён ва ҳам аз шоирони баъдӣ боло гузоштааст.

 Қисмати авали хамриёти Ҳофиз дорои чандин мутифҳост ва барои мушаххастар гардидан мо онро ба гурўҳҳои алоҳида тақсим намуда, баррасӣ менамоем.

                    Бода – манбаи шодию хушдилӣ

 Яке аз роиҷтарин мутифи хамриёти Ҳофиз бода – манбаи шодию хушдилӣ аст. Ин мутиф гарчанде дар адаби форсӣ таърихи куҳан дорад, дар шеъри Ҳофиз ба авҷи камолоти худ мерасад. Шоир дар баён ва тасвири он мазомин ва таъбироти нав дохил намуда, мўҳтавои онро бо киноёту ташбеҳоти тоза ғанӣ гардонидааст. Бода барои шоир як неъмати шодибахши атои Худовандист, ки боиси хуш гузаронидани ин умри кўтоҳ мегардад. Аз диди шоиронаи Ҳофиз инсон дар лаби баҳри фано қарор дорад, муддати як мижа задан кофист, ки ғарқ дар ин баҳри адам гардад. Аз ин рў, дар ин дунёи фонӣ «рафиқе, ки холӣ аз халал» бошад, танҳо бодаи ноб буда метавонад:

Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст,

Суроҳии майи нобу сафинаи ғазал аст. (29, 64)

 Шоду хушдил будан яке аз сифатҳои ринди ошиқ аст. Ҳофиз, ки худро ба сафи риндон задаст, хушдилиро меписандад, зеро ин дунёи фонӣ лоиқи ғам хурдан нест:

                     Май биёвар, ки нанозад ба гули боғи ҷаҳон,

                      Ҳар ки ғоратгарии боди хазонӣ донист. (29, 69)

   Чойи дигар гуяд:

                     Хушк шуд бехи тараб, роҳи харобот куҷост,

                     То дар он обу ҳаво нашъу намойе бикунем. (29, 514)

     Табъи риндӣ ва озодагӣ бо корбурди мафҳуми май шоирро ба он оварда, ки дар ду байти боло ҳолати хоси шахсеро тасвир кунад, ки барои ў тамоми гиру дори зиндагӣ арзиши худро аз даст додаанд.

  Боданўшӣ дар баҳор таровати дигаре дорад. Шоир аз баҳоре сухан ба миён меоварад, ки гулҳояш чун соқии базми риндон бо таннозӣ ҷоми бода ҳадия мекунанд:

Арғавон ҷоми ақиқӣ ба суман хоҳад дод,

Чашми наргис ба шақоиқ нигарон хоҳад буд.(29, 278)

  Ин дунёи фонӣ, ки хоки раҳаш чашму абрўи парирўёну гили кўзааш косаи сари Кайқубоду Ҷам аст, лоиқи дилбастагӣ надорад. Бояд ҳар дақиқаро ғанимат донист ва бешар шод буду шод зист ва аз накҳати баҳор баҳра бардошт:  

Ман нагўям, ки кунун бо кӣ нашину чӣ бинўш,

Ки ту худ донӣ, агар зираку оқил бошӣ. (29, 621) 

Гуфтем, ки Ҳофиз дар ин мавзўъ ташбеҳоту таъбироту нав дохил намуд. Масалан, ташбеҳи соғар ба машриқ ба муносибати таносуби он ба хуршед:

Хуршеди май зи соғари соғар тулўъ кард,

Гар барги айш металабӣ, таркӣ хоб кун! (29, 537)

 Ва ё ташбеҳи айш ба иртифоъ ба воситаи таносуби нуҷумии он ба офтобу толеъ:

Зи офтоби қадаҳ иртифоъи айш бигир,

Чаро, ки толеъи вақт ончунон намебинам.(29, 485)

  Ташбеҳи лола бо ҷоми гул дар каф ба надими шоҳ, ки дар даст ҷоми шароб дорад:

Ба чаман хирому бингар, бари тахти гул, ки лола

Ба надими шоҳ монад, ки ба каф аёғ дорад. (29, 157)

        

Шоир дар байти боло лоларо, ки назди буттаи гул сабзидааст, ба надими шоҳ (шаробдор) монанд мекунад, ки дар даст ҷоми шароб назди подшоҳ истодааст.

Ҳофиз боданўширо кори савоб медонад ва маслиҳат дар он мебинад, ки азму ҷазм ба кори савоб кунад:

Кори савоб бодапарастист, Ҳофизо,

Бархезу азму ҷазм ба кори савоб кун! (29, 537)

  Касе аз шуаро бо ин ҷуръат бодапарастиро кори савоб надониста буд, ки Ҳофиз мекунад, аммо ғарази ў аз бодапарасти чизи дигар аст.

 Он чи дар боло баён намудем ҳама дар соҳати берунмаънӣ буд. Дар соҳати дарунмаънӣ муроди Ҳофиз аз бода ишқ асту аз ҷому соғар «дили ойинасон пок» ва аз баҳор  «мақоми илм». Шоир ишқбозиро кори савоб медонад ва ишқ ба андешаи ў ягона паноҳгоҳест аз ҳама балову офат ва шарру бадӣ. Роҳи наҷотро шоир аз ғаму дарди ҷаҳони фонӣ дар ишқ мебинад. Ишқ метавонад инсонро ба асл пайвандад ва ўро ҷовидонӣ гардонад. Ин мутиф дар ашъори Ҳофиз доманаи васеъ дорад ва метавон абёти зиёде ба сифати шоҳид овард.

(Идома дорад)

Бознашр аз китоби Шарифмурод Исрофилниё “Хамриёти Ҳофиз”, Душанбе, 2010

Рӯйнависи Замира Давлатова