Лаклаки сафед дар тасаввури атфол

   Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Дастони моҳир» баргузор шуд, ки ба лаклаки сафед бахшида шуда буд. Сараввал муаллима дар бораи ин намуди паранда маълумот дод. Вай гуфт:

   Оилаи лаклакҳои сафед зернамуде ба назар мерасад, ки дар зери таҳдиди маҳвашӣ қарор доранд. Лаклаки сафед парандаи мавсимии лонагузор мебошад. Як лонаро чандин сол истифода мебарад. Лонааш аз шохчаҳои хушк иборат аст ва аз ду то чор тухмро мегузорад. Тухмгузорӣ дар моҳҳои март-апрел ва аз тухм баромадани чўҷаҳо дар нимаи моҳи май ба вуқуъ мепайвандад. Ғизои лаклаки сафед қурбоқа, кафлесак, мор, калтакалос, хояндаҳои майда, кирминаву ҳашароти калон ва нармбаданҳои обӣ аст. Муҳити ҳозираи сукунати лаклаки сафед водии дарёҳои Зарафшон ва Сирро дар бар мегирад. Мувофиқи баҳисобгирии охирин, 6 лона ва 24 фарди лаклаки сафед дар ҳудуди ноҳияи Исфара боқӣ мондааст.

   Сипас, муаллима бо  хонандагон дар бораи Оилаи лаклакҳои сафед  саволу ҷавоб намуда, шеърҳо қироат карданд ва баъдан бо хонандагон чӣ тавр сохтани ин намуди парандаро нишон дода аз истифодаи маводҳои конселярӣ ва табиӣ аз қабили коғази ранга, пахта, чўб ва ширеш тайёр намуданд.

Шаҳноза Дониёрова,

сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон