Ёд кардани рўзгори рангин ва амалҳои неку шоистаи бузургони миллат кори хайр ва савоб аст. Дар байни ин абармардон Исмоили Сомонӣ мисли ситораи тобон дурахшон аст. Аз ин ҷост, ки Раиси Ҷумҳур ўро доҳии тоҷикон гуфтааст. Ба ҳамин хотир дар бораи Исмоили Сомонӣ асарҳои таърихию бадеӣ иншо гардидаанд. Аз ҷумла ба майдон омадани романи сегонаи «Исмоили Сомонӣ» - и Мирзоди Маъонӣ боиси хурсандист.
Ҳанўз соли 2003 китоби аввалини «Исмоили Сомонӣ» бо номи «Тулўи Хуршед» дастраси хонандагон гардид. Ман онро бо камоли майл хонда будам. Асар писандам омад ва шод гардидам. Инак, китоби дуюми «Исмоили Сомонӣ», «Фурўғи Хуршед» низ дастраси хонандагон гардид.
Офаридани романи таърихӣ кори басо душвор ва меҳнатталаб аст, бояд нависанда аз доираи ҳодисоту воқиоти таърихӣ чандон канорҷўӣ накунад, онҳо таъриф нанамояд. Вале дар замин баёни ҳодисаҳо ба масъалаҳо ва проблемаҳои муҳими ҳамон давр бояд диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳамин масъалаҳо, аз тарафи дигар, ба замони имрўза бояд мусоидат кунанд ва хонандаи имрўза гузориш ва ҳалли масъалаҳоро дар қиёс бо ҳаёти кунунӣ дарк намояд. Ана дар ҳамин маврид тири нависанда ба ҳадаф хоҳад расид. Масалан, имрўз пас аз мутолиаи китоб бисёр роҳбарону сарварони вилояту кишварҳо барои худ аз ин асар панде мегиранд ва роҳбарию давлатдориро меомўзанд. Масалан, метавонанд дар масъалаи тарзу услуби роҳбарӣ, ба кор пешбарӣ намудани соҳибмансабон, мубориза алайҳӣ ришвахурӣ ва ҳамсоли ин барин масъалаҳоро аз роман дарёфт намоянд ва дар кори хеш амалӣ гардонанд. Кору рафтори Исмоили Сомонӣ дар ҳаллу фасли ҳамин гуна масъалаҳо ибратомўз аст. Махсусан, дар роман симои Исмоил дар рафти ҳодисоту воқеоту табии ва равшану возеҳ ба қалам дода шудааст. Дуруст аст, ки нависанда дар роман баъзе амалҳои ношоистаи қаҳрамони марказии асарро ба таври ҳақонӣ нишон медиҳад ва худи ў камбудиҳояшро дарк намуда, ислоҳ мешавад. Махсусан, ба суханони душманаш бовар карда, ба лашкараш талафоти сангин медиҳад. Чуноне ки мегўянд инсон бекамбудӣ намешавад ва мард он аст, ки аз камбудиҳояш хулоса барорад. Исмоили Сомонӣ ҳам дар рафти ҳодисаҳо задухурди воқеаҳо боз ҳам рушду камол меёбад.
Бахусус, Исмоили Сомонӣ дар поёни романи «Фурўғи Хуршед» ҳангоми бо намояндагони хулафо, ки барои табрик ва додани унвони «Амир Ғозӣ» ба Бухоро омада буданд, аён мегардад. Меҳмонон дар маҷлис, ки ба ин муносибат баргузор гардида буд иштирок мекунанд. Онҳо забони тоҷикӣ – дариро намедонистанд. Бо вуҷуди ин Исмоил бо забони модариаш суханронӣ намуд. Ин амал барои меҳмонон ва бахусус ба сарвари онҳо Мақсуд ибни Сабо мақбул наафтод ва аз Исмоил хоҳиш кард, ки мо забони шуморо намедонем ва шумо забони арабиро хуб медонед, бинобар ин шоиста он бошад, ки бо забони мо ҳарф занед. Исмоил ба ў чунин посух дод: «Шукри Худо, ки забони мо истиқлол ёфт, забони мо аз қафаси танг раҳо гардид ва мисли шоҳин баландпарвоз шуд ва акнун забони мо ҳам мисли забони шумо дунёгир хаҳад шуд». Аз суханони Исмоил ибни Сабо нороҳат шуд ва малоли хотир гардид. Аммо лаб накушод ва ба тақдирашон тан доданд.
Бубинед, гузориши ин масъала ба замони имрўзаи мо чӣ қадар монанд аст. Саъю талошҳои Презденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамон кирдору рафтори Исмоили Сомониро пеши назар меорад.
Хулоса романи «Фурўғи Хуршед» асари хонданӣ буда, дар тарбияи худшиносӣ худогоҳӣ ва ватандўстии хонанда саҳми калон гузошта метавонад.
Дар охир мо ба муаллиф Мирзоди Маъонӣ дар субути ин кори хайр барору комёбӣ мехоҳам ва орзумандем, ки дар ду соли охир иншои қисми сеюми романи «Исмоил Сомонӣ», «Ғуруби Хуршед»-ро низ ба итмом хоҳад расонд. Ба камоли боварӣ метавон гуфт, ки романи таърихии сегонаи «Исмоили Сомонӣ» ба ҷашни 20 - солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тўҳфаи арзандаест.
М. Лутфуллоев, академики Академияи
илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯнависии Саидғуфрон Шарифӣ,
мутахасисси шуъбаи кўдакон ва наврасон.