Носири Хусрав – абармарди илму адаб, ихлосу амал ва ҷўяндаи ҳақиқату хирад
Буд фарзанди расул он марди дин,
Бо хавориҷ буд ўро ҷангу кин.
Чун набуд ў марди майдони сагон,
З-он чу лаъл андар Бадахшон шуд ниҳон.
Шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Ҳаким Абўмуъмин Носир ибни Хусрав ал-Қубодиёнӣ ал-Марвазӣ мулаққаб ва мутахаллис ба «Ҳуҷҷат» яке аз симоҳои барҷаста ва шуҳратманди илму адаби қарни XI буда, бо осори пурарзиши гуногуншаклу мухталифмазмуни саршор аз афкору андешаҳои бикру ҳикматнок, ахлоқӣ, маънавӣ ва ҳаётии хеш дар таърихи тамаддуну фарҳанги форсу тоҷик мақоми баланди сазоворро ишғол менамояд. Мувофиқи нишондоди Носири Хусрав ў дар моҳи зулқаъда (20 август – 19 сентябр) - и соли 394 ҳ. (1004 м.) дар мавзеи Қубодиён (ҳоло ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар он айём аз ҷумлаи навоҳии Балх ҳисоб меёфт, дар хонадони деҳқони соҳибэҳтироме ба дунё омадааст. Аҷдоди Носири Хусрав ба хонаводаи бонуфузу мўътабар тааллуқ дошта, одатан ба иҷрои корҳои давлатӣ ва девондорӣ шуғл меварзидаанд.
Бешубҳа, бештари давраи таҳсил ва илму адабандўзии Носири Хусрав дар шаҳри Балх, ки дар он рўзгор маркази муқтадиру муҳимми илмиву фарҳангӣ дар минтақа ҳисоб меёфт ва аҳли хонаводаи ў ба он ҷо омада, сукунат ихтиёр карда буд, ҷараён меёбад. Бесабаб нест, ки Носири Хусрав ҳангоми саёҳати ҳафтсолааш ба ин ё он муносибат дар «Сафарнома» аз Балх ҳамчун аз ватани худ ёд мекунад ва дар қасидаҳои дар Юмгон, вақти фирорӣ будан навиштааш пайваста аз дурии худ аз диёру хешу табор бо дарду алами фаровон ёдоварӣ менамояд...
Порае аз сарсухани Амиряздон Алимардонов ва Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ аз “Девони ашъор”-и Носири Хусрав, ки соли 2010 нашриёти “Адиб” чоп кардааст, иқтибос овардем. Ин девони саропо ҳикмат дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мавҷуд аст. Шеъри зерро аз ҳамин девон интихоб кардаем:
Он қуввати ҷавонӣ в-он сурати биҳиштӣ,
Эй бехирад тани ман, аз даст чун биҳиштӣ?
То суратат накў буд, афъоли зишт кардӣ,
Пас, феълро накў кун, акнун ки зишт гаштӣ.
Пуште заиф будат ин рўзгор чун дӣ,
Товусвор будӣ, имрӯз хорпуштӣ.
Гар ҷавҳаре-т будӣ, бар рӯи хубсурат,
Он некуӣ нагаштӣ ҳаргиз бадал ба зиштӣ.
В-акнун ки орият буд, он некуӣ бибурданд,
Аз дил бурун кун, эй тан, ин андуҳу дуруштӣ.
Баҳрест жарф олам, киштӣ-ш ҳайкали ту,
Умрат чу боду гардун чун бодбони киштӣ.
В-акнун, ки ресмон гашт он сунбулат, ҳамоно
Ин зишт ресмонро бар дуки марг риштӣ.
Эй ҷаста дӣ зи дастат, фардо ба дасти ту на,
Фардо дуруд бояд тухме, ки дӣ-ш киштӣ.
Панҷоҳ сол рафтӣ аз гоҳвора то гўр,
Бар нохушӣ буридӣ роҳе бад-ин шибиштӣ.
Роҳест ин, ки ҳамбар бошад дар ў ба рафтан
Дарвеш бо тавонгар бо мазгите куништӣ.
Лекин ду роҳ ояд пеш ин равандагонро,
К-он ҷо ҷудо бибошад аз дўзахӣ биҳиштӣ.
Дар меъда-т оташ омад, машғул шуд бад-ў дил,
То дин бад-ин баҳона аз пеш барнавиштӣ.
Фитна шудиву бедин бар оташи ғаризӣ,
Оташпараст гаштӣ чун марди зардуҳиштӣ.
Кўшиш ба ҳила омад бо хўрданат баробар,
Бе ҳеҷ судкарде з-ин шаҳр баргузаштӣ.
Гўӣ, ки ман надонам чизеву бегуноҳам,
Низат гунаҳ чӣ бояд, чун хештан бикуштӣ?
Бо яктана тани худ чун пас ҳаменаёӣ,
Андар масофи мардон чӣ марди ҳафту ҳаштӣ.
Гар дар биҳишт бошад нодони бетааббуд,
Пас, дар биҳишт бошад нахчиру гўри даштӣ.
Чун гўрвор доим бар хўрдан истодӣ,
Эй зишти девмардум, дархурди тиру хиштӣ.
Эй Ҳуҷҷати Хуросон, бонгат расид ҳар ҷо,
Гўӣ, к-аз осмон бар санг уфтода таште.
Таҳияи Шаҳноза Дониёрова,
сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон