Activities calendar

11 октября 2019

Китобҳои тозавуруд: Назорати прокурорӣ ба иҷрои конунгузорӣ...

​  Номи пурраи китоб “Назорати прокурорӣ ба иҷрои конунгузорӣ дар бораи  пешгирӣ, ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, муаллифи он Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод мебошад.

  Дастури мазкур  ба тахлили санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, конунгузории миллӣ ва амалияи назорати прокурорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба назорати иҷрои қонунгузорӣ, пешгирӣ,ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона бахшида шуд, хусусиятҳои гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳо

Китобҳои тозавуруд: Ташхис ва табобати бемориҳои асаб аз нигоҳи Абўалӣ ибни Сино

  Чунин ном дорад китобе, ки ахиран дар шаҳри Душанбе интишор ёфт. Муаллифон дар сарсухани худ аз ҷумла менависанд: “Таърихи маданияти халқи тоҷик дар замони Сомониён як гурўҳ табибонро ба дунё овардааст , ки онҳо ба заковату фаросат ва донишмандӣ дар тамаддуни ҷаҳон ҳиссаи арзандаи хешро гузоштаанд. Айни замон пас  аз гузашти қарнҳо он дастовардҳои тиббии давраи Сомониён аҳамияти худро гум накардаанд. Хусусиятҳои муҳими  тибби замони Сомониён  дар он буд, ки пешгирии бемориро назар ба муолиҷаи он осонтар,  бехавфтару арзонтар ва муфидтар мешумориданд, тибби назариявӣ ва амалии он замон асосӣ илмӣ доштанд.

Аҳаммияти байналмилалии тибби замони Сомониён инчунин дар

Ҷавонон ва варзиш

“Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад”.                                                                              Эмомалӣ Раҳмон                          

Шоири як шеър. Шобегим Маликшоева

 Дирӯз, 10-уми октябр  дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рўнамоии китоби «Шоири як шеър» (Намунаи шеъри ҷавон) баргузор гардид. Дар ин маҷмўа як намуна аз шеъри Шобегим Маликшоева бо унвони «Ишқи сода» дар баробари шеърҳои дигар шоирони ҷавон рўи чоп омад.

Ишқи сода

Эй асиру пойбанди хотирот,

Ҳалқаи занҷири ёдат канда шуд.

Шишаҳои ҳасрати ёдат шикаст,

Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем!

Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба корманди  Шуъбаи библиографияи миллӣ Парвина Қаюмова  ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми хоҳараш

ЗАРИНА ҚАЮМОВА

изҳори ҳамдардӣ мекунанд.