Activities calendar

08 октября 2019

Китобҳои тозавуруд: Рози Ниҳонӣ

 Шеър  оби мусаффои  чашмаи  шоир аст, ки аз ҳиссиёти  баланд ва неку созандаи  ў ҷўш  мезанад. Дар ҳақиқат ҳар кас, ки қалам ба даст мегирад, гўӣ  масъулияти бузурги  инсонӣ  ва  тарбияти  насли башарро бар уҳда гирифтааст.Ҳақ  бо ҷониби  шоир аст, ки ин маънии  бузургро  ба риштаи  назм кашида ва мефармояд:

                          Ҳар, ки  сухан  бар сухане зам кунад

                          Қатрае  аз хуни ҷигар кам кунад.

  Шеъри шоирӣ  ва мусиқии  калом  наздиктарин  мунис ва эҳсоси башар ва рўзгорони куҳан то имрўз будавау ҳаст. Ҳамин  эҳсос  ва  ҷавҳари  дарунию  фитрӣ аст, ки шоир ё сароянда ин эҳсосҳо

Китобҳои тозавуруд: Абдурраҳмони Ҷомӣ ва илми мусиқӣ

  Китоби мазкур ба таҳқиқи  ҷойгоҳи ҷанбаҳои илмӣ ва амалии ҳунари мусиқӣ дар осори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ бахшида шудааст. Дар он бори аввал матни илмӣ- интиқодии рисолаи маъруфи ба илми мусиқӣ бахшида шудаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар асоси муқоиса ва таҳқиқи се нусхаи дастхати он пешниҳоди аҳли адаб ва ҳунар мегардад.

 Муаллифи китоб доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ ҳамчунин муаммои ирфонии истифодаи рамзҳои вобаста ба Дувоздаҳмақом, оҳангҳои маъруфи замон ва номи созҳои мусиқиро дар ғазалиёт ва маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хирадномаи Искандарӣ», «Юсуф 

Ёде аз аввалин бонувоне, ки дар Осиёи Миёна доктори илми фалсафа шуд

​   Миллати тоҷик дар миёни бонувон донишмандони варзида зиёд дошту дорад, ки яке аз онҳо Мунзифа Ғаффорова буд. Муаллифи бештар аз 200 асари илмиву методист, дорандаи 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Дўстии Халқҳо, Ифтихорномаҳои Президиуми Шўрои Олии РСС Тоҷикистон ва медалҳо. Дар Осиёи Миёна нахустин зане буд, ки дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафаро гирифтааст.

Олим, журналист, мутарҷим…

​  Масъуд Муллоҷонов, донишманди маъруфи кишвар се сол пеш ҷамъи моро тарк кард. Замоне рафт, ки се сол то навадсолагиаш монда буд. Роҳи эҷодии ӯ аз рӯзноманигорӣ оғоз шудааст, муддати хабарнигори нашрияи машҳури “Литературная газета” дар Тоҷикистон буд. Аз ҷумлаи қаламкашону пажӯҳишгаронест, ки кори ҳизбӣ ҳам кардаву муддате дар бахши таблиғи Кумитаи Марказии ҲК фаъолият ҳам доштааст. Аммо корҳои пажӯҳишии марҳум барҷастатару мондагортаранд.

 Масъуд Муллоҷонов 3-юми ноябри соли 1929 дар Душанбе дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1949 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм карда, дар аспирантураи назди он таҳсил намудааст. Дар идораи рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ