Ёде аз аввалин бонувоне, ки дар Осиёи Миёна доктори илми фалсафа шуд

   Миллати тоҷик дар миёни бонувон донишмандони варзида зиёд дошту дорад, ки яке аз онҳо Мунзифа Ғаффорова буд. Муаллифи бештар аз 200 асари илмиву методист, дорандаи 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Дўстии Халқҳо, Ифтихорномаҳои Президиуми Шўрои Олии РСС Тоҷикистон ва медалҳо. Дар Осиёи Миёна нахустин зане буд, ки дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафаро гирифтааст.

  Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна 4 октябри соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба дунё кушодааст. Файласуфи советии тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1968), профессор (1970), Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон (1974), узви КПСС (1965), иштирокчии як қатор конференсияҳо, симпозиумҳои байналхалқию иттифоқӣ, узви Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (1949-1955 ва 1976-1980), узви Правленияи Ҷамъияти фалсафии СССР (аз с. 1972), узви Кумитаи занони шўравӣ (аз с. 1977) мебошад.

  Ўро ба мактаби ибтидоии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд доданд. Дар чор соли хониши таҳти роҳбарии нахустин муаллимааш Зулайхо Юнусова ў пурра хондаву навиштанро аз худ кард. Вақте ба факултаи коргарии назди Донишкадаи омўзгории шаҳри Хуҷанд дохил шуд, ҳамагӣ 12 сол дошт. Ў факултаро аъло хатм намуда, соли 1944 Институти педагогии Ленинобод ба номи Кировро низ бо дипломи аъло ба итмом расонид.

   Мунзифа Ғаффорова солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти  роҳбарии академик Маҳмуд Аловиддинов  таҳсил намдуа, рисолаи номзадӣ дар соҳаи фалсафа ҳимоя намуд.

    Аз соли 1955 то соли 1957 муаллимаи калони кафедраи марксизм-ленинизми Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ва солҳои 1957-1962 вазифаи дотсенти кафедраи марксизм-ленинизми Институти номбурда, солҳои 1962-1974 мудири кафедраи фалсафаи ҳамин донишкадаро иҷро кардааст.

    Соли 1968 бо роҳбарии доктори илми фалсафа, профессори Университети давлатии Москва Вера Александровна Фомина рисолаи докториро дар соҳаи илми фалсафа муҳокима намуда, соли 1970 ба унвони илмии профессор сазовор дониста шуд. Ў солҳои 1974-1979  баъди таъсисёбии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нахустин ректор шуда, ба кор оғоз кардааст. Инчунин солҳои 1979-1988 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко фаъолияти кории худро давом додааст. Баъдан дар даъватҳои 2, 3, 10 ва 11-и Шўрои Олии РСС Тоҷикистон ба ҳайси  вакили Шўрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб гардид.

   Ў зиёда аз 200 асари илмию методиро навиштаву чоп намудааст, ки дастраси аҳли илму донишҷўён мебошад. Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Дўстии Халқҳо, Грамотаҳои Президиуми Шўрои Олии РСС Тоҷикистон ва медалҳо мукофотонида шудааст.

  Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна дар Осиёи Миёна нахустин занест, ки дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафаро гирифтааст.

28-уми июни соли 2013 дар синни 88-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Дар бори Мунзифа Ғаффорова дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед мутолиа кунед:

Ғаффорова, М. Машъали рўзгор: Мусоҳибаи мухбир М. Боқиев бо мудири кафедраи фалсафаи Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко Мунзифа Ғаффорова // Маориф ва маданият. – 1974. – 8 март.

Ғаффорова, М. Бахти зан: Дар бораи занҳои номдори республика, дар соли ҷашни 60-солагии Октябри Кабир // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 30 апрел.

Ғаффорова, М. Ин кори шахсӣ нест: Фикру мулоҳизаҳо дар атрофи масъалаи оила ва оиладорӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1981. – 2 сентябр.

Набиева, Р. Файласуф ва роҳбар: Дар бораи ходими Хизматнишондодаи  илми РСС Тоҷикистон, доктори фанҳои фалсафа, профессор М. R. Ғаффорова // Занони Тоҷикистон. – 1982. – № 12. – С.11.

Султонов, У., Элбоев, Х. Камолоти маънавӣ: Ба муносибати 60-солагии зодрўзи Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, философ, ректори Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко М. R. Ғаффорова // Газетаи муаллимон. – 1984. – 6 октябр.

Аҳмадова, М. Одами калон: Дар бораи аввалин доктори илмҳои фалсафа аз байни занон дар Осиёи миёна М. R. Ғаффорова // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 7 ноябр.

Ғаффорова, М. Саодати бузург хидмати халқ аст: Сўҳбати мухбир бо депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, доктори илми фалсафа Мунзифа Ғаффорова // Газетаи муаллимон. – 1985. – 8 март.

Ғаффорова, М. Боргоҳи истеъдодҳо: Дар бораи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон // Занони Тоҷикистон. – 1997. – №8. – С.10-11.

Шарипов, Х. Муҳаққиқи рўҳ ва мақоми бонувон: Аз фаъолияти кории профессор, файласуф Мунзифа Ғаффорова // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 3 сентябр.

Ғаффорова, М. Инсонро бо фармон шуурнок кардан имкон  надорад: Сўҳбати К. Аҳмад бо доктори илми фалсафа, профессор Мунзифа Ғаффорова // Тоҷикистон. – 2011. – 28 апрел.

Аҳмад, К. “Хонаи мо он қадар ҳам дур нест”: [аёт ва фаъолияти доктори илми фалсафа, профессор Мунзифа Ғаффорова // Чархи Гардун. – 2011. – 6 июл.

Солиҷонов, Р. Ифшогари асрори зан ва ҷомеа: Оид ба фаъолияти Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна // Паёми Душанбе. – 2016. – 21 октябр.

 Кенҷаев, М. Ҳамин бошад ҳаёти ҷовидонӣ: Ба ифтихори 95-солагии зодрўзи собиқадори илму маориф ва фарҳанги тоҷик, маликаи файласуфони Осиёи Марказӣ шодравон Мунзифа Ғаффорова // Баҳори Аҷам. – 2019. – 20 сентябр.

Бозчоп аз “Энсиклопедияи советии тоҷик”. – Душанбе, 1986. – Ҷ. 8. – С.254.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ