Бахтиёр Муртазо-публистисти муваффақ
Бахтиёр Муртазо (Бахтёр Қосимзода Муртазо), адиб ва рӯзноманигори шинохта 23-юми майи соли 1940 дар рустои Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар хонаводаи зиёӣ дида ба олам кушодааст.
Гузаштагонашро аҳли илму фарҳанг ва донандагони хуби улуми исломӣ медонад. Бино ба гуфтаи ӯ бобои модариаш Мулло Хоҷа таҳсилкардаи мадрасаи Бухоро ва бобои падариаш Сайид Муртазо хатмкардаи мадрасаи шаҳри Тошқурғони Афғонистон буданд. Соли 1937 тири хуношоми “тройка” хонадони онҳоро низ ба нишон гирифт ва ба ҷурми аҳли илм будан Сайид Муртазо қурбонии солҳои бедод шуд.
Падараш аз ҷумлаи омӯзгорони варзида маҳсуб мешавад, муддате муаллим ва баъдан мудири мактаби деҳа ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён буд. Муҳити хонаводагӣ барояш имкон фароҳам овард, ки бештар аз дигар ҳамсолонаш китоб хонад, чун хонаи падарӣ пур аз китоб буд ва ҳамзамон бо ташвиқи қиблагоҳӣ кутуби зиёдеро аз китобхонаи мактабу идораи ҷамоат пайдо мекард ва мутолиа менамуд. Дар суҳбате дилбастагӣ ба мутолиаро як сабаби рӯ оварданаш ба кори эҷодӣ донистааст.
Пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин даст ба кори рӯзноманигорӣ задааст. Нависандаи маъруф ва публистисти шинохта марҳум Мутеулло Наҷмиддиновро устоди худ медонад ва мегӯяд дар коргоҳи эҷодиаш, ки аз як хонаи якҳуҷраӣ иборат аст, расми бузурги ин устоди насрро нигоҳ медорад. Аз ӯ хеле омӯхтааст ва Наҷмиддинов хеле аз навиштаҳои аввали ӯро қалам задаву бо маслиҳату машварат ӯро ба шоҳроҳи нависандагӣ равона сохтааст.
Тӯли фаъолияти корӣ дар вазифаҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муҳаррири шуъбаи публистистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» кор кардааст.
Муддати чор сол (солҳои1969-1973) дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва чор соли дигар (1979-1982) чун афсар афсар хизмат кардааст.
Айни замон раиси Шӯрои очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи «Минбари халқ» дар сохтмони неругоҳи барқиву обии «Роғун» аст.
Муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Чинор дар Солони», «Ҷӯи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи Офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби Истиқлол», «Нӯҳ чинори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак» ва ғайра мебошад.
Барои қиссаи «Нақби Истиқлол» сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.
Соли 2008 барои қиссаи ҳуҷҷатии “Ман чароғ афрӯхтам” сазовори ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуд.
Иддае аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, литвонӣ, эстонӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Бахтиёр Муртазоев бар замми он ки рӯзноманигор, пубилистист ва нависандаи хуб аст, тарҷумони чирадаст ҳам мебошад. Бо талош ва заҳматҳои ӯ қиссаи «Роҳи Каҳкашон»-и нависандаи баруманди қирғиз Чингиз Айтматов, романи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал, китоби «Садбарги заррин»-и Константин Паустовский ва чанд асари дигар бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Лоҳутӣ аст.
Бо нишони «Ситораи сурх» ва 15 медали ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд ва 11 набера мебошад.
Аз адиб ва рӯзноманигори шинохта Бахтиёр Муртазо дар Китобхонаи миллӣ шумо метавонед ин китобҳо, мақолаҳо ва очеку мусоҳибаҳоро бихонед:
Муртазоев, Б. Таронаи ишқ: Очерк дар бораи ҳофизи ҷавон П. Ашуров // Комсомоли Тоҷикистон. – 1964. – 4 декабр.
Фарҳат, М., Муртазоев, Б. Омўзгор: Дар бораи муаллим Рубинов// Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 29 июл.
Муртазоев, Б. Сўзанӣ: Ҳикоя // Комсомоли Тоҷикистон. – 1972. – 14 декабр.
Муртазоев, Б. Каломи разманда ва ҳақиқатҷў: Дар бораи нависанда Мутеъулло Намиддинов // Адабиёт ва санъат. – 1974. – 17 сентябр.
Муртазоев, Б. Чашмае дар биёбон: Ҳикоя // Пионери тоҷик. – 1974. – 3-6 март.
Муртазоев, Б. Хиёбони дуюм: Роҷеъ ба бригади комсомолии Тоҷикистон дар сохтмони БАМ // Машъал. – 1975. – №4. – С. 16-17.
Муртазоев, Б. БАМ – арсаи мардонагӣ: Дар бораи намояндаи Тоҷикистон дар БАМ М. Алиев // Пионери Тоҷикистон. – 1975. – 8 июн.
Муртазоев, Б. БАМ – ҷавлонгоҳи ҷавонӣ: Дар бораи фиристодагони комсомолии Тоҷикистон дар БАМ // Пионери Тоҷикистон. – 1975. – 20-24 август.
Муртазоев, Б., Юрлов В. Дар роҳи ҷустуҷў ва эҷодкорӣ: Аз конференцияи IX комсомолии вилояти Кўлоб // Комсамоли Тоҷикистон. – 1975. – 21 декабр.
Муртазоев, Б. Муҳориба бо оташ: Очерк дар бораи Талбак Лолаев// Комсомоли Тоҷикистон. – 1976. – 30 июл.
Муртазоев, Б. Фидокор: Очерк дар бораи раиси колхоз Миралӣ Маҳмадалиев // Садои Шарқ. – 1976. – №11. – С. 92-114.
Муртазоев, Б. Мероси падар: Очерк дар бораи бинокори БАМ А. Қаҳоров // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 5 июн.
Муртазоев, Б. Ҷўи наврўз: Ҳикояи воқеӣ // Маориф ва маданият. – 1979. – 30 декабр.
Муртазоев, Б. Одами ҷавҳардор: Ҳикоя // Садои Шарқ. – 1981. – С. 11-26.
Муртазоев, Б. Барзгар: Ҳикояи воқеӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1982. – 5 сентябр.
Муртазоев, Б. Ҷавпазак: Ҳикоя // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 15 июн.
Муртазоев, Б. Шарораҳо: Очерк дар бораи сардори бригадаи харродии заводи Тоҷиктекстилмаш лауреати мукофоти давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино Мирзоҳамид Ҳамидов // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. –15 феврал.
Муртазоев, Б. Дарахти пуда: Ҳикоя // Маданияти Тоҷикистон. – 1984. – 20 январ.
Муртазоев, Б. Аз Кофарниҳон то Одер: Ҳикояи зангӣ // Хотираҳои солҳои ҷанг. – Душанбе, 1985. – С. 86-92.
Наҷмиддинов, М., Муртазоев, Б. Ситораҳои кўҳи сафед: Ҳикоя дар бораи савхози боғу токдории ба номи Ҷаббор Расулов райони Илич // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 26 сентябр.
Муртазоев, Б. Хўшачин ва орди маҳин: Мақола бахшида ба 60 – солагии тарҷимони бомаҳорат Шамеӣ Собир // Ҳақиқати Ленинобод. – 1987. – 9 июн.
Муртазоев, Б. Аз ниҳоли арча то сари роҳи каҳкашон: Нависанда Додоҷон Раҷабӣ 50 – сола шуд // Комсомоли Тоҷикистон. – 1988. – 29 январ.
Муртазоев, Б. Шарораи зиндагӣ: Очерк бахшида ба Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ А.Г. Мироненко // Ҷашни худу ҷони ҷаҳон. – Душанбе, 1988. – С. 59-74.
Муртазоев, Б. Ситораи паррон: Очерк дар бораи интернасионалист Қаҳрамони иттиҳоди советӣ, сержанти калони гвардия А. Мироненко // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 18 феврал.
Муртазоев, Б. Афсонаи лаклак ва қалби ,,Зиреҳпўш,, : Очерк ва публицистика // Садои Шарқ. – 1989. – №7. – С. 85-94.
Муртазоев, Б. Долут обро интизор: Очерк дар бораи обёри кардани дашти Данғара // Бо мавҷи зиндагӣ . – Душанбе, 1989. – С. 154-172.
Муртазоев, Б. Аз пайраҳа то шоҳраҳ: Очерк // Садои мардум. – 1996. – 28 сентябр.
Муртазоев, Б. Аз ҳамаи ту номаи ушоқ таровар…: Шеър бахшида ба Нур Табаров ба муносибати 60 – солагӣ // Садои мардум. – 2001. – 14 июл.
Муртазоев, Б. Соҳибдил: Шеър ба вакили Парлумони кишвар Аҳрор Умаров // Садои мардум. – 2002. – 26 январ.
Муртазоев, Б. Соҳиби мактаби нотакрор: Ба ёди нависанда, рўзноманигор Муттеълло Наҷмиддинов // Ҷумҳурият. – 2002. – 13 апрел.
Дар бораи Бахтиёр Муртазоев
Зардон, С. Синни камолот муборак. Ҳунари волои устод: Бахшида ба 50 – солагии адиб ва рўзноманигор Б. Муртазоев // Навиди Вахш. – 1990. 14 июл.
Зиё, Абдулло. Дар миёни гар дарё: Рўзноманигор ва нависанда Бахтиёр Муртазоев 60 – сола шуд // Ҷумҳурият. – 2000. – 25 май.
Муртазоев, Б. Ҷавониамро сарфи рўзноманигорӣ кардам: Сўҳбати М. Равшан бо нависанда ва мутарҷим Бахтиёр Муртазоев дар арафаи ҷашни 60 – солагиаш // Чархи гардун. – 2000 . – 7 июл.
Мадалиев, Қ. Ҷавҳардор: Аз рўзгори рўзноманигор Бахтиёр Муртазоев // Садои мардум. – 2000. – 25 май.
Муртазоев, Б. Ҷавонӣ гўйё чун сузаноб бигзашт: Мусоҳибаи Матлуба Муҳаммадзода бо рўзноманигори шинохта Бахтиёр Муртазоев оиди ҳаёт ва фаъолияти кории ў // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2000. – 2 июн.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ