Навад соли шоири маъруф Муҳаммадалишо Ҳайдаршо
Синнаш имсол ба 90 расид. Шоири маъруф, инсони комил ва журналисти тавоно. Тарҷумони хуб ҳам буд ва болотар аз ҳама аз беҳтарин фелйетоннависони тоҷик буд. Қалами ҳаҷв, ки дошт, дар ин жанр беҳтар аз дигарон менавишт. Ва ҳамин буд солҳои тӯлонӣ бо маҷаллаи ҳаҷвии “Хопуштак” ҳамкорӣ дошт ва дар ҳаҷву мутоиба мумтоз буд.
Ҳайдаршо Маҳмадалишо 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1948 омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ, соли 1955 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард.
Дар аввал муаллим буд, баъдан ба кори рӯзноманигорӣ гузашт. Аъзои ҳизби коммунист буд ва соли 1965 Мактаби олии ҳизбиро низ хатм карда буд.
Аз соли 1974 муҳаррири калони моҳномаи «Комунисти Тоҷикистон» буд. Аз аввали солҳои 50 ҳам барои атфол ва ҳам барои бузургсолон шеър мегуфт.
Ашъори ӯ дар маҷмуаҳои «Ҳамсинфони ман» (соли 1958), «Садои баҳор» (соли 1966), «Бачаҳои Москва» (соли 1966), «Гулхандаи замин»(соли 1974), « Дарё омад» (соли 1976), «Помири ман» (соли 1978), «Кӯҳи лаъл» (соли 1982), «Баёзи сангин» (соли 1984), гирд омадаанд.
Дар китоби ҳаҷвии ӯ “Хористони « Хорпуштак» (соли 1983) танбалону коргурезон ва хушомадгӯёну баднафсон мазаммат шудаанд. Намунаи шеърҳои Ҳайдаршо ба забонҳои русӣ, молдовӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Китоби очерку мақолаҳояш бо номи «Се насли омўзгорони Бадахшон» соли 1991 аз чоп баромад.
Ашъори С. Шипачёв, К. Симонов, Н. Доризо ва дигаронро ба тоҷикӣ гардонидааст.
Аз соли 1963 узви Иттифоқи Нависандагони СССР буд.
Аз Маҳмадалишо Ҳайдаршо ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед суроғ кунед:
Сарои Баҳор: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1967. – 84 с.
Бачаҳои Москва: Шеърҳо барои бачаҳои сини томактабӣ. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 32 с.
Гулхандаи замин: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 56 с.
Дарё омад: Шеърҳо барои бачагон. – Душанбе: Маориф, 1976. – 23 с.
Помири ман: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 143 с.
Кўҳи лаъл: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Маориф, 1982. – 33 с.
Хористони Хорпуштак: Шеърҳои ҳаҷвӣ. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 94 с.
Мо аз Боми Ҷаҳон: Rисса ва шеърҳо. – Душанбе: Маориф, 1986. – 72 с.
Хонаи обод: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1994. – 95 с.
Сад ғазал: Маҷмўа. – Кофарниҳон: Шаҳриёр, 2009. – 64 с.
Хушдоманаме: ҳаҷвиёт. – Душанбе: Нодир, 2005. – 130 с.
Ишқро оғоз аст…: Аз дафтари ғазал. – Душанбе: Ирфон, 2005. – 141с.
Каҷмакаҷ рост нарафтӣ чаро?: ҳаҷвиёт. – Душанбе: Нодир, 2008. – 89 с.
Аз тарҷумаҳои шоир
Юренко,О. Модар: Шеър / Аз русӣ тарҷума М. Ҳайдаршо // Маориф ва маданият. – 1969. – 11октябр.
Такур,Р. Аз силсилаи Ватан : Шеър / Тарҷумаи М. Ҳайдаршо // Маориф ва маданият. – 1969. – 23 октябр.
Неделина,Н. Ман ба дунё омадам; Борон: Шеърҳои шоираи булғорӣ / Аз русӣ тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Занони Тоҷикистон. – 1971 . – №10 . – с.8.
Неделина,Н. Ҳазорон дил агар медоштам ман: Шеър / Тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Комсомоли тоҷикистон. – 1972. – 12 март.
Межелайтис,Э. Садои дил: Шеър / Тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Маориф ва маданият. – 1973. – 6 январ.
Юренко,О. Лутф фармо, дӯст: Шеър / Тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Тоҷикистони советӣ. – 1973. – 14 январ.
Ангуштина,Н. Фарёди одам: Шеър / Тарҷумаи М. Ҳайдаршо // Ҳақиқати Ӯзбекистон. – 1973. – 4 сентябр.
Маршак,С. Амаки хаёлӣ : Шеър / Тарҷумаи озодӣ М.Ҳайдаршо // Машъал. – 1974. – № 4. – С. 72.
Солоухин,В. Дурахши ситораҳо; Хазон дида: Шеърҳо / Тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Газетаи муаллимон. – 1987. – 18 август.
Дар бораи адиби мумтоз:
Давлатова, М. Дили ҳассос: Эҷодиёти шоир М. ҳайдаршо // Газетаи муаллимон. – 1988. – 19 апрел.
Хуҷаева. Р. Шасти камолот муборак!: Шоири ширинкалом М. ҳайдаршо шастсола шуд // Бадахшони советӣ. – 1988. – 16 апрел.
Саидарабова, Г. Шаст баҳори шукуфони шоир: 60-солагии зодрўзи шоир М. ҳайдаршо // Бадахшони советӣ. – 1988. – 7 июн.
Баравнӣ, С.Н. «Зодае аз кўҳсорам»: Ба муносибати 70-солагии зодрўзи шоири ширинкалом М. ҳайдаршо // Адабиёт ва санъат. – 1998. – 6 май.
Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2014. – 320 с.
Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ