Бунёд Ширин-аз ширинсуханони назми муосир

Аз ҷумлаи шоирони ширинсухани тоҷик буд. Агар умр вафо мекард, ҳоло аз баҳори 76-уми зиндагӣ гул мечид. Дареғо, ки 6 сол қабл ҷамъи моро тарк кард ва муштоқони шеърашро дар суг нишонд. Дар муаррифии Иттифоқи нависандагон дар борааш мехонем:

ШИРИН БУНЁД (Қурбонмамадов Хушқадам Бунёдович) 14 декабри соли 1941 дар деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таваллуд ёфтааст.

Падараш ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, ӯ чун ятими ҷанг дар тарбияи модари колхозчияш мондааст.

Бо вуҷуди душвориву нодориҳои сахти зиндагӣ, соли 1948 ба мактаб рафта, соли 1958 бо баҳои аъло хатмаш кардааст.

Сипас вориди Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Хоруғ шуда, соли 1959 бо ихтисоси электромонтёр анҷом додааст.

Нӯҳ сол электромонтёри НБО-и Хоруғ буда, ҳамзамон, чун ҳофиз ва шоир, дар байни мардум шуҳрат пайдо кардааст.

Соли 1968 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1973 бо баҳои аъло хатм кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ, то соли 1976, муовини директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, баъдан мудири шуъбаи рӯзномаи «Бадахшони Советӣ», солҳои 1985-1992 раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят будааст.

Солҳои 1992-2005 дар сохтори Ҳукумати вилоят кор карда, вазифаҳои мутахассиси пешбари комиҷроияи вилоят, котиби иттилоотии раиси вилоят, ҷонишини мудири шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси ВМКБ-ро ба ҷой овардааст.

То нафақа баромадан сармуҳаррири моҳномаи «Фурӯғи маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва муаллими калони он будааст.

Дар ташкилу таҳкими ҳавзаи адабии Бадахшон заҳмати пурарзише ба харҷ дода, маҳфили «Адибони ҷавон»-и вилоятро таъсис додааст.

Соли 1994 дар заминаи ҳамин маҳфили адабӣ шуъбаи Бадахшони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис ёфт, ки бо ташаббуси бевоситаи Ширин Бунёд рӯи кор омадааст.

Ширин Бунёд аз адибони шинохтаю варзидаи тоҷик аст, ки дар адабиёти муосир мақому мартабаи хоси худро дорад ва бо ашъори дилнишинаш дар Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрат ёфтааст.

Муаллифи китобҳои манзуму мансури хонданист, ки муҳимтарини онҳо «Бомдод» (1982), «Зартеғ» (1985), «Шоҳи тирандоз» (1991), «Гули андеша» (1995), «Шоҳроҳи Ваҳдат» (1999), «Поси хотир» (2000), «Шерозаи ваҳдат» (2003), «Об, Замин ва одамон» (2003), «Нома дар барги ҳавас» (2011) мебошанд ва симои ӯро чун шоири баркамол, мунодии сулҳу ваҳдат, фарзанди содику дилбастаи Ватану миллат нишон дода, хонандаро ба ҷаҳони муҳаббату садоқат, арҷгузорӣ ба дастовардаҳои маънавии тамаддуни бузурги миллат, ҳидоят менамоянд.

Ширин Бунёд, дар баробари офаридани асарҳои баландғоя, вазифаҳои зиёди ҷамъиятӣ, аз қабили узви Садорат ва раиси Бахши Бадахшони Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, раиси бахши вилоятии Бунёди сулҳи Тоҷикистон, узви Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, узви Комиссияи вилоятӣ оид ба танзими расму оинҳои мардумӣ ва амсоли онҳоро бар уҳда дошт.

Барои хизматҳои арзандааш дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», ордени «Дӯстӣ», медали юбилейии «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғ. гардонида шудааст.

Шоири халқии Тоҷикистон. Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

3 июли соли 2011 аз олам даргузашт.

Аз Ширин Бунёд ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин маводро метаовнед бихонед:

Зартеғ. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 112 с.

Шоҳроҳи Ваҳдат: Публитсистика. – Душанбе: Ирфон, 1999. – 96 с.

Нома дар барги ҳавас. – Душанбе: Адиб, 2011. – 120 с.

Одами тилоӣ: Китоби хотира бахшида ба 70-солагии шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд. – Душанбе: Ирфон, 2011. – 240 с.

Дасти эъҷозкор: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1965. – 22 август.

Нолаи Булбул: Шеър //  Занони Тоҷикистон. – 1966. – №3. – С.23.

Кунда ва хас: Шеър // Бадахшони советӣ. – 1967. – 9 апрел.

Ман – комсомол: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1970. – 12 июл.

Шоҳи тирандоз: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1980. – 27 январ.

Биё бародари ман: Шеър // Бадахшони советӣ. – 1990. – 16 август.

Руҷўи Мўйсафедон ; Саломи ман бибар : Шеър // Фирўза. –  2004. – №3. – С.14

Ваҳдат паёми мост ба фардои мушкбез: Шеър бахшида ба Ваҳдати миллӣ // Садои мардум. – 2015. – 27 июн.

Ваҳдати паёми мост: Шеър // Омўзгор. – 2016. – 26 июн.

Шаҳсавори миллати мо: Шеър бахшида ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон // Баҳори Аҷам. – 2016. – 15 ноябр.

 Дар бораи адиби номвар

Ҳайрат, Ш. Панҷаи рангин: Шеър барои Ширин Бунёд // Маориф ва маданият. – 1978. – 4 феврал.

Шоҳинбобоев, Н. Таронаҳои хотироти порин : Очерк ба муносибати 50-солагии зодрўзи Ш.Бунёд // Бадахшони советӣ. – 1991. – 12 июл.

Холназар, Н. Ним аср муборак: Бахшида ба 50-солагии Ш.Бунёд // Маърифати Шуғнон. – 1992. – 8 феврал.

Раҳдор, С. Бимон озод : Шеър эҳдо ба Ширин Бунёд // Пайғоми Рушон. – 1992. – 4 июл.

Насрулло, К. Дареғ: Шеър бахшида ба шоири шодравон Ширин Бунёд // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 14 июл.

Улфатшоҳ,Ҷ. Афсонаи шоир: Барои устод Ширин Бунёд // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 15 сентябр.

Гулзор. Ёдгори Ширин Бунёд: Ёде аз шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд // Ҷумҳурият. – 2012. – 27 ноябр.

Шарифзода, К. Ёди Ширин: Оид ба ҳаёт ва фаъолияти шоири зиндаёд Ширин Бунёд // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 18 феврал.

Маҷнун, А. Дар шеъри ў ҷамоли Тоҷикистон медурахшид: Бахшида ба зодрўзи шоири шинохта, шодравон Ширин Бунёд // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 8 декабр.

Эгамзода, Д. Як шаби Ширин, хеле ширин: Ёде аз шоири барўманд шодравон Ширин Бунёд // Садои Шарқ. – 2016. – №8. – С.99-110.

Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ