Activities calendar
14 декабря 2017
Аввалин воситаи таълим оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба нашр расид
Нашр шуд 2017-12-14 10:30Аввалин воситаи таълим оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба нашр расид
Нашр шуд 2017-12-14 05:49
Интишороти «Контраст» дар шаҳри Душанбе аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёрро бо забони русӣ ба нашр расонд.
Муаллифи китоб доктори илмҳои таърих, мушовири калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода мебошад.
Китоби таълимӣ аз чор боб иборат буда, давраи аз соли 1991 то соли 2017 – ро дар бар мегирад.
Боби аввал
Дар ин асар иқтидори сиёсати хориҷии кишвар, таҳаввулоти доктринаи он, хусусиятҳои механизми қабули тасмимот дар ин бахши фаъолияти давлат ва ҳадафу самтҳои дипломатияи иқтисодии тоҷик мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Академик Абдулғанӣ Мирзоевро устод Соҳиб Табаров олими соҳибмактаб номида буд. Ва ин ҳақиқати маҳз аст. Абдулғанӣ Мирзоев шахсияти нотакрорест, ки дар адабиётшиносии муосири тоҷик соҳиби мактаби таҳқиқотии худ буд ва даҳҳо шогирдонаш имрӯз ҳам дар ин арса майдондорӣ мекунанд. Аз фавти олими маъруф бештар аз 40 сол сипарӣ шуд, вале мактаби вай побарҷост. Иттифоқи нависандагон олими шинохтаро ин гуна муаррифӣ кардааст:

