Шеърҳо андар ситоиши ваҳдат
Нашр шуд 2017-06-24 17:01
27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лафзи зебо садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ- оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.
Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдўст будан аст.
Мардуми тоҷикзабонро даҳр бишносад кунун,
3-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатгарои манзилам.
Толиби сулҳанд доим мардуми тоҷикзабон,
Такя бар онҳо намояд қавми соҳибманзилам.
*****
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақи шодиву барор оварад.
Сулҳ дихад шаршараи ҷӯи об,
Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.
*****
Қатра-қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кўҳи побарҷо шудем.
Сад ҳазорон мо бо ҳам ҷамъ омадем,
То дар ин даҳри парешон мо шудем.
*****
Раҳи Ваҳдат зи санги хора бигзашт,
Баланду пастро ҳамкора бигзашт.
Ҳазар кун аз раҳи дилҳои сангин,
Ки ҳаргиз з-он гузашт, овора бигзашт.
*****
Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
*****
Миллати тоҷик дорад боз як иди дигар,
Иди ваҳдат, иди санъат, иди – ҳунар.
Иди меъроҷи заковат, қудрати ақлу хирад,
Иди деҳқону каҷевар, мактабию коргар.
Гирдоваранда Ҷ.Қурбонов,
Корманди Маркази такмили ихтисос