Давраи дигари омӯзишии библиографӣ дар Китобхонаи миллӣ ба анҷом расид
Нашр шуд 2015-11-12 20:20
Давраи дигари омӯзишии библиографӣ барои кормандони ғайриихтисос дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки 28-уми июли соли равон оғоз шуда буд, субҳи имрӯз, 12-уми ноябр бо тақдими сертификатҳо ба анҷом расид. Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ташкили давраҳои омӯзиширо иқдоми хеле наҷиб дар роҳи такмили таҷриба ва ихтисос хонд.
Сайфиддин Назарзода ба омӯзиши пайваста ҷиҳати ошноии бештар ба касби китобдориву китобхонашиносӣ таъкид кард ва гуфт аслан аз омӯзиш инсон ҳеч гоҳ хаста намешавад. Директори Китобхонаи миллӣ аз сифати таълим дар давраҳои омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт ин омӯзишҳо фарогир буданд ва дар он аслан касоне ҷалб гардиданд, ки бо ихтисосҳои дигар шомили кор дар китобхона шудаанд.
Дар ин давраи омӯзишӣ ширкаткунандагонаш имкон доштанд ҳам дарсҳои назарявӣ хонанд ва ҳам амалан бо кор дар шуъбаву марказҳо ошно шаванд. Яъне, барномаи таълим, ки Маркази такмили ихтисос тарҳрезӣ карда буд, басо фарогир ва муфид буд.
Директори Китобхона ҳамчунин гуфт, ки акнун аз ин ба баъд ин анъана идома ёбад, то кормандон дарку фаҳмиши худро дар масоили китобхона ва китобдорӣ афзун кунанд, маҳорати кории худро сайқал диҳанд.
Ҳамчуноне ёдовар шудем, давраи омӯзишӣ аз охири моҳи июл шуруъ шуд ва то 22-уми октябр идома дошт. Дар ин курс 21 нафар кормандони навомӯз аз шуъбаҳои гуногуни китобхона ҷалб шуда буданд.
Ба шогирдон Гадобек Маҳмудов-муовини Директори Китобхонаи миллӣ ва дотсенти Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи устод Турсунзода, муаллимаи калони кафедраи китобдории Донишгоҳи ёдшуда Майрам Маҳмадназарова, муовини Сардори Маркази такмили ихтисоси Китобхона Юлчибой Мӯсоев дарс гуфтанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2012 таъсис ёфта, то имрўз зиёда аз 365 кормандони китобхонаҳо давраҳои омўзиши донишҳои китобдорӣ – библиографӣ ва омўзиши донишҳои компютериро хатм намуда, соҳиби сертификат гардидаанд.
Омӯзишҳо дар Китобхонаи миллӣ доимӣ буда, дар мавзуъҳои гуногунанд ва онҳо на танҳо дар Китобхонаи миллӣ, балки дар дигар китобхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар ба сурати семинару конфронсҳои илмӣ-амалӣ роҳандозӣ мешаванд.
Чунончӣ, моҳи октябри соли равон семинари омўзишӣ дар якчанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои вилояти мухтори куҳистони Бадахшон гузаронида шуданд.
Баргузории ин гуна омӯзишҳо ва семинарҳо дар вилояти Хатлон низ пешбинӣ шудааст.