“Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино”
Нашр шуд 2019-10-30 13:11
Дирӯз, 29-уми октябр дар доираи Конфронси илмии “Дастовардҳо ва дурнамои кинои тоҷик”, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик бахшида шуда буд, китоби синамошинос Тилло Некқадамов бо номи “Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино” муаррифӣ шуд. Шариф Комилзод-Директори Пажӯҳишгоҳи ёдшуда зимни суханронии худ аз ин фармудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд кард:
«Дар ин росто, кинои тоҷик ба рушди ҷилдӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрўзаро воқеъбинома инъикос намоянд, масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷамеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио ва Иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ чораҳои зарурӣ андешанд».
Шариф Комилзода гуфт, ки дар ин робита китоби «Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино» - и киношинос Тилло Некқадамов метавонад дар таблиғи ҳамкориҳои адибон бо режиссёрони кино, тарбияи зебоипарастии наврасону ҷавонон ва таҳияи филмҳои баланди бадеӣ дар бораи бузургони миллати мо саҳми хешро гузорад.
Китоби нав аз ҳафт боб – «Айнӣ ва кино», «Тобишҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома» дар кинои тоҷик», «Кинои тоҷик дар даврони Иттифоқи Советӣ», «Ҳамкориҳои киносозони тоҷик бо кишварҳои бо мо дўст», « Ситораҳои кинои ҷаҳонӣ», « Ситораҳои кинои Ҳиндустон» ва « Саҳми устод Мирзо Турсунзода дар инкишофи миллии тоҷик» иборат буда, хонандаро бо лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳамкориҳои устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, ки аз солҳои сиюм оғоз ёфтааст, ошно мекунад.
«Шоҳнома» - и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ аз назари киносозони тоҷик, бахусус режиссёри номвари мо Борис Кимёгаров дар канор намонад. Аз ин хусус се мақола – «Шоҳ Ковус ва филмҳои сегона аз «Шоҳнома», «Таҷассуми кинематографии «Достони Сиёвуш» ва « Рақс бо кабўтарон» дар ҳузури Рустами Достон» дар қисмати «Тобишҳои қаҳрамонҳои « Шоҳнома» дар кинои тоҷик» ҷой гирифтаанд, ки барои хонанда дар бораи таҳияи филмҳо аз рўйи ин асари безавол маълумоти нав медиҳанд.
Муаллиф ба ҳамкориҳои эҷодии устод Садриддин Айнӣ бо киносозони рус ва тоҷик бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мақолаҳои «Тақдири талх ва ширини «Дохунда», «Устод Айнӣ ва кинои тоҷик», «Симои ҷовидонаи устод Айнӣ дар кинои ҳуҷҷатӣ» ва «Ҳаёти Айнӣ ва Лоҳутӣ таҷассуми киноматографӣ мехоҳад» - ро ба китоб дохил намудааст, ки барои хонанда имконияти зиёди гирифтани далелҳоро додаст.
Ин маводҳо дар бораи ҳамкориҳои устод Айнӣ бо яке аз режиссёрони маъруфи кинои советӣ Лев Кудешов ҳангоми таҳияи филми ҳунарии «Дохунда» (соли 1935), бо режиссёри он солҳо ҷавон Борис мегузошт. Қаҳрамонии филм аграном Каримов (Л. Свердлин) дарк мекунад, ки вай дигар пештара барин ба ватан хизмат карда наметавонад. Зеро саломатиаш хуб нест. Пас ба хулосае омада, ба нафақа мебарояд, то ки ба ҷавонон, ба қадрҳои оянда роҳ диҳад.
Бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон « Соли 2018 – Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда буд. Муаллифи китоб ин мавзўъро низ дар мақолааш «Инъикоси ҳунарҳои халқӣ дар санъати кино» мавриди баррасӣ қарор дода, филмҳои истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» - ро аз солҳои панҷоҳум мавриди таҳлил қарор дода, фикру андешаҳояшро бо далелҳо аз филмҳои бадеии « Ман бо духтаре вохўрдам», « Писар бояд зан гирад», « Қисмати шоир», «Хати парвоз», «Достони Рустам», «Рустам ва Сўҳроб», «Достони Сиёвуш», « Духтари сеюм», «Субҳи нахустини ҷавонӣ», «Дарди ишқ» ва ғайраҳо қувват медиҳад.
Дар маҷмўъ метавон гуфт, ки китоби нави киношинос – Тилло Некқадамов «Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино» он холигие, ки солҳои охир дар омўзиши таърихи кинои тоҷик, киношиносӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби он ба миён омадаанд, бартараф мекунад ва он туҳфаи хубе ба ҷашни дар пеш истода – 90 солагии кинои тоҷик хоҳад шуд.
Ҳамзамон ин китоб барои муҳаққиқони кино, санъатшиносон, таърихнигорон ва омўзгорону донишҷўён аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Маркази такмили ихтисос