Талоши устод Айнӣ барои пайдо кардани зодгоҳи Абӯалӣ ибни Сино. Порае аз китоби Сотим Улуғзода “Пири ҳакимони Машриқзамин”

Аз  саёҳати Бухоро як мақсади дигари Айнӣ зиёрати он деҳае, буд, ки Абуалӣ ибни Сино дар он ҷо зоида шудааст. Аммо он деҳа дар куҷост? Устод боварӣ дорад, ки он ҷо деҳаи Лағлақа аст. Худи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ва таърихнависони баъди вай гузашта зодгоҳи Шайхурраисро деҳаи Афшана навиштаанд, аммо ин вақт дар вилояти Бухоро Афшана ном деҳае нест. Дар райони (ноҳияи) Рометан Лағлақа ном деҳае ҳаст, ки аз рўи ривоятҳо Афшана номи пештараи ҳамин деҳа будааст. Як деҳаи дигар ҳаст, номаш Испана (Испанӣ), аммо ин деҳа ба он чи ки таърихнависи асри XI Наршахӣ дар бораи Афшана навиштааст, дуруст намеояд; бо вуҷуди ин чанде пеш яке аз олимон ҳамин «Испана»-ро вайроншудаи «Афшана» дониста, ватани Абуалӣ ибни Синоро ҳамон ҷо қарор додааст. Ин гап ба гўши Айнӣ мерасад, ки ҳам Испана ва ҳам асари Наршахиро нағз медонад ва шубҳа надорад, ки ватани олими бузург он ҷо нест, боз таърихи Наршахиро ба варақ задан медарояд, то исбот намояд, ки ҳукми олими мазкур хатост.

   Айнӣ дар китобхонаи ба номи Абуалӣ ибни Сино воқеаи «Испана» ва «Афшана» - ро нақл карда, таърихи Наршахиро талаб намуд. Бо ёрии Нақшбандхон ном марди куҳансол – ходими китобхона, ки шиноси дерини Айнӣ будааст, чанд нусхаи он китобро ёфта овардаанд, аммо ҳамаи он нусхаҳо мухтасари таърихи мазкур буда, аз онҳо маълумоти даркорӣ ёфт нашуд. Айнӣ дар ин гуна мавридҳо сахтгир аст: мудир ва дигар ходимон аз ваҷҳи дар китобхонаи онҳо набудани таърихи мукаммали Наршахӣ, ки чандон камёб ҳам нест, аз домулло хеле гапҳои талху тунд шуниданд. 

 - Ҳамаи китоб ва дастнависҳои қиматнокро ба Тошканд гирифта буданд, - гуфта узр овард директор.

- Мо ба Рометан рафта ватани ҳақиқии Ибни Синоро ҷустуҷу мекунем, - ба ману Икромӣ гуфт Айнӣ. – Маркази райони Рометан дар Лағлақа аст. Афсўс, ки инҳо Наршахии мукаммал надоштаанд,  набошад ман ба шумоён нишон медодам: Наршахӣ менависад, ки дар Афшана масҷиди Бинни Восеъ ҳаст. Ин масҷид дар наздикии Лағлақа буд ва ман дар хурдсолиам онро дида будам. Агар он масҷид хароб нашуда бошад ва мо онро дар Рометан ёбем, бешубҳа собит хоҳад шуд, ки Лағлақа ҳамон Афшана ва зодгоҳи Ибни Синост.

 Нависандаи номии мо бо вуҷуди пирӣ ва  заъфи саломаташ бисъёр пурҳавсалааст, ки агар аз паи коре афтад, ба охир нарасонда намемонад…

Мошинсавор рафтем ба Рометан. Котиби комитети районии партия марди сиёҳҷурдаи чорпаҳлу ва бокитфу бозу, одами кушодарўй ва хушсўҳбате будааст. Ба лағлақагӣ будани Абуалӣ ибни Сино мутлақо боварӣ дорад, бо ин фахр мекунад ва тайёр аст бо муқобилони ин ақида сахт мубоҳиса кунад. Чизи дар китобхонаи ба номи Ибни Сино наёфтаамро мо аз китобхонаи шахсии котиби райком ёфтем: вай аз хонааш як нусхаи пурраи «Таърихи Наршахӣ»-ро оварда ба Айнӣ нишон дод. Бо фармоиши устод, Икромӣ ва ман онро ба варақ задан даромадем.

- Дар миёнаҳои китоб боби «Мазорҳо»-ро кофта ёбед, - гуфт домулло. Вай аз роҳи дароз ва рўзи гарми пурҷангу ғубор монда шуда буд ва бо чои кабуди талх кўфти роҳро бароварданӣ мешуд.

 Мо кофта – кофта он боб ва он маълумоти даркориро ёфтем. Дар он ҷо чунин навишта шуда буд:

«Афшана. Шаҳристоне бузург дорад ва ҳисоре устувор, навоҳии ба вай мансуб ва ҳар ҳафта як рўз  бозор бошад, ва зиёъи деҳа вақф аст бар талабаи илм ва Қутайба бинни Муслим он ҷо масҷиде бино кардааст ва Муҳаммад Бинни Восеъ масҷиди дигар бино кардааст… Мардумони шахри Бухоро он ҷо раванд…»

 - Ана худаки ҳамин ҷой деҳаи Зирак аст, - гуфт котиби райком.

 Деҳаи Зирак дар паҳлуи деҳаи Лағлақа (маркази район) буда, дар ҳақиқати амр ба вай мепайвандад.

Айнӣ  ҷои масҷиди Бинни Восеъро пурсид. Котиби райком ба Одинаев ном шахсе кас фиристод, вай омад. Марди миёнсол, саводи кўҳна дорад, бошандаи дерини Лағлақа, аслаш аз Кўлоб будааст. Масҷиди  Бинни Восеъро шунидааст, онро мардум «Марози ҳазрати бобо» мегуфтаанд. Аз он масҷид осоре намонда, ҷои он ва гирду атрофаш, ки пештар деҳа будааст, ҳоло киштзор ва боғу бўстон аст, бинобар ин Айнӣ бо вуҷуди кофтукови бисъёр ҷои он масҷидро, ки дар хурдсолӣ дида будааст, муайян карда натавонист.

 Бо ҳамроҳии китоби райком ва Одинаев мошинсавор ба Зирак рафтем. Деҳае будааст хушобу ҳаво, аз миёнааш ҷўйбори калони Хайробод мегузарад, оби ҷўйбор зарди лойолуд аст ва ба дарёи Қарокўл (номи маҳаллии Зарафшон) мерезад. Мардумаш тоҷик, колхозашон ба номи Ворошилов. Мошинҳоро дар канори ҷўйбор нигоҳ доштем. Баъди чанд дақиқа аз дари як ҳавлӣ духтаре пайдо шуд, дар кўза айрон ва як косаи чинӣ оварда, ба расми мусофирнавозӣ айрони сарди хушгуворашро ба омадагон таоруф кард; нўшида ташнагиамонро шикастем.

Домулло аз вай пурсид:

-Духтарам шумо Абуалӣ ибни Синоро шунидаед?

 - Ҳа, - шармгинона ҷавоб дод духтар, - бобом мегўянд, ки он азиз аз ҳамин қишлоқи мо будаанд, ҷудо олими калон, табиби зўр будаанд.

 Устод дар ғояти хушҳолӣ бо тантана ба мо нигоҳ кард, ки яъне: «Шунидед? Ҳаминҷои будани Ибни Синоро ҳамин духтар ҳам медонистааст

 Аз аҳли деҳа якчанд кас ҳозир шуданд, ҳамаашон мисли духтари айроноварда Абуалӣ ибни Синоро ҳамватани худ медонанд.

 Айнӣ, ки бо одамони оддӣ, хусусан, бо мўсафедон гуфтугў карданро дўст медорад, бо онҳо машғули сўхбат шуд, ман ва Икромӣ бо ҳамроҳии Одинаев, режиссёри кино Кимёгаров ва фотографҳо аз пули хурдтараки Хайробод гузашта, қад-қади ҷўйбор то ҷое, ки он ҷўйбор ба даръёи «Қароқўл» мерезад, рафтем: масофаи то он ҷо аз ним километр зиёдтар буд. Чунон ки дар боло гуфта шуд, ки даръё аслан Зарафшон аст, ки дар Рометан онро Қароқўл меноманд. Сабаби ба он ҷо рафтани мо ин буд, ки ҳанўз дар маркази район Одинаев ва котиби райком ба мо гуфта буданд, ки ба қарибӣ аз таги даръё Қароқўл шикастапораҳои як пули сангин баромад ва мардум он пулро Абуалӣ Сино сохтагӣ мегўянд, зеро аз ин пеш ҳам дар байни халқ дар боари ба даръёи Қароқўл пул бастани Абўалӣ ибни Сино ривояте будааст.

  - Ман монда шудам, шумоён рафта бинед, - фармуд устод ба мо.

 Соҳили  рости дарё аз об ду метр баландтар буд, оби дарё таги ин соҳили баландро шуста ковок карда будааст ва аз он ҷо осори пули кўхна баромадааст. Дар ҳақиқат аз зери хок як навъ кодокҳои аз хишти пухта сохташуда намудор буданд, аммо он кодокҳо ба пул таалуқ доштанд ё ба ягон иморати қадимии дигар, муайян кардан душвор буд.

Дар канори деҳаи Зирак, дар тарафи даръёи Қароқўл хокпуштаи баланд ва дарозе дида мешавад, ки ба харобаи девори қадиме хеле монандӣ дорад. Балки пуштаи мазкур боқимондаи девори ҳамон шаҳристон бошад? Наршахӣ боз менависад: «Ҳисори устувор дорад», ҳақиқатан дар миёнҷои деҳа тале ҳаст, ки мегўянд дар қадим он ҷо ҳисор будааст…

Ба ин тариқ, мо масҷиди Бинни Восеъро ёфта натавониста бошем ҳам, аз рўи якчанд «санад»-ҳои дигар қариб боварӣ ҳосил  кардем, ки Афшанаи қадимӣ ҳамин Лағлақа ва ватани Ибни Сино ин ҷост. Муҳимтарини ин «санад»-ҳо эътиқоди худи халқ аст: авлод-авлоди аҳолии Лағлақа, Бухоро ва атрофи он деҳаи мазкурро ватани Абуалӣ ибни Сино медонанд, ки бояд бесабаб набошад. Бисъёр деҳаҳои вилояти Бухоро монанди  худи Бухоро дар тўли ҳазор сол дар ҷойҳои худашон истодаанд, бинобар ин дар ин муддат ватани Ибни Сино, ки шўхраташ дар байни халқ аз ҳар бузургвори дигар бештар аст, мумкин набуд аз  хотири мардум фаромўш шавад.

 … Дар лаби сарҳавзи колхози ба номи Ворошилов, дар сояи бедҳои сабз каме дам гирифта, бо соҳибони меҳмоннавози колхоз хайрбод кардем. 

Таҳияи Фирӯза Муҳаммадҷонова, Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: