Оғози давраи даҳрӯзаи омӯзишӣ барои китобдорони чанд китобхонаи кишвар
Нашр шуд 2019-03-15 15:47
Дувоздаҳ нафар аз китобдорон аз китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ, Иниститути биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур муддати 10 рӯзи оянда бо омӯзиши як барномаи комили омӯзишии 56-соата дар Китобхонаи миллӣ маҳорати касбии худро такмил хоҳанд дод. Профессор Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллӣ дар расми ифтитоҳи давраи нави омӯзишӣ иброз дошт, ки ин гуна дарсҳо ба хотири афзудани донишҳои китобдорӣ роҳандозӣ шудаанд ва қарор аст дар тӯли сол давраҳои омӯзишии дигар барои китобдорон аз муассисаҳои китобдории кишвар гузаронида шавад.
Шунавандагон аз рӯи барномаи «Фаъолияти китобдорӣ- иттилотӣ» оид ба мавзуъҳои зерин маълумоти комил пайдо мекунанд: санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ оид ба соҳаи китобдорӣ; таърихи ташкилёбии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ); сарчашмаҳои қабули нусхаҳои ҳатмӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ; харидории манобеи чопӣ ва электронӣ аз маблағҳои буҷавӣ; таҳияи ҳисоботи омории (6-НК); коркарди ҳуҷҷатҳо ба фондҳои Китобхона воридшуда; рақамгузории нашрияҳои ба шуъба водридшуда тибқи таснифоти даҳгонаи универсалӣ (УДК) ва таснифоти китобхонавӣ - библиографӣ (ББК); дарёфти адабиёт тибқи дархости хонандагон аз рўи рақами инвентарӣ ва солшуморӣ; созмондиҳии маҷмўи феҳристу картатекаҳо, намуд ва шакли он; таҳрир ва барқарорсозии баргаҳо дар феҳристи анъанавӣ ва электронӣ;созмондиҳии дастгоҳи маълумотдиҳию библиографии чопӣ ва электронӣ; таҳия ва пешниҳоди маълумотномаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ ба истифодабарандагон; услуби таҳияи дастурҳои методӣ ва библиографӣ, таснифи дастурҳои тавсиявӣ- библиографӣ аз рўи таъиноти хонандагон; қонеъ гардонидани хонандагон тибқи дархост; истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо; бунёд ва ташкили китобхонаи электронӣ; бақайдгирӣ, коркард ва нигоҳдории фонди нашрияҳои даврӣ ва давомдор; фарҳанги истифодаи матбуоти даврӣ, рўзнома, маҷалла ва дигар нашрияҳо; шиносоӣ бо захираҳои чопии шуъба, шаклу намудҳои ташкили намоиши китоб, вохўриҳо, шабҳои адабӣ - мусиқӣ, баргузории семинар- трнингҳо ва дигар дар КМТ; одоби муошират бо хонандагон.
Инчунин шунавандагон дар шуъбаҳои Китобхона Маркази такмили ихтисос, шуъбаҳои такмили адабиёт, коркарди адабиёт, нигоҳдории китоб, феҳристнигорӣ, библиография миллӣ, хизматрасонӣ ба муштариён, автоматикунонӣ раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, матбуоти даврӣ, тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дидан карда, аз таърих, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти онҳо маълумоти заруриро аз худ менамоянд.
Дар анҷоми давраи омӯзишӣ ширкаткунандагони он соҳиби Шаҳодатномаи хатми давраи омӯзишӣ хоҳанд шуд.
Ҷамшед Қурбонов ,
маркази такмили ихтисос