Муаррифӣ: Ҳасани Султон. Хотами мулки Сулаймон

Китоби мазкур соли 2014 дар нашриёти “Адиб” ба нашр расидаву маҷмуаи шеърҳои шоир ва олими маъруф Ҳасани Султонро дар бар гирифтааст. Ҳасани Султон кист?    Ҳасани Султон (Султонов Мирзоҳасан Баротович) (09.06.1966) доктори илми филология (2008), академики Академияи табиатшиносии Русия (2012), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Муаллифи бештар аз дусад асару мақолаи илмию адабӣ ва шаш маҷмўаи шеър: «Чароғи лола»(2002), «Шафақи лола» (2004), «Чаконда» (2005), «Салои ишқ» (2011) (ба хатти арабӣ), «Таваллуди ту» (2014) , «Хотами мулки Сулаймон» (2014) ва ғайра мебошад.

Дар таълифу тадвин ва таҳриру такмили бештар аз сӣ фарҳангу луғатномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (2008, 2010), «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (2011), «Фарҳанги молия ва бонкдорӣ» (2008), «Фарҳанги русӣ – тоҷикӣ» (2018) ва ғайра ширкат варзидааст.

Асару мақолаҳои илмию адабияш дар нашрияҳои Олмон, Русия, Фаронса, Испания, Лаҳистон, Эрон, Ўзбекистон, Маврикия ва кишварҳои дигар ба нашр расидаанд.

Дорандаи медали “Хизмати шоиста”, медали тилло ба номи В. И. Вернадский, ордени байналмилалии LABORE ET SCIENTIA (амалу дониш) ва ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад.

Чун муште аз хирвор намунаҳо аз рубоиёти шоирро меорем.

Ку дўст, ки пурсад дили ғампарвари ман,

Ояд дами дар, боз намояд дари ман.

Рўид дубора сабзаву лола шукуфт,

Ку модари ман, модари ман, модари ман?!

                                    ***

Ҳаргиз нарасад ғубори ғам бар сари ту,

Ворид нашавад гарди алам аз дари ту.

Ман модари ғамгусори худ гум кардам,

Хоре нахалад ба панҷаи модари ту.

                                   ***

Ман бар ту баҳори бехазон мехоҳам,

Ман бар ту шукўҳи ҷовидон мехоҳам.

Эй ҷони ҷаҳони ман, зи даргоҳи Худо,

Ҳар чиз бихоҳӣ ту, ҳамон мехоҳам.

                               ***

Мо рўйи туро сер надидему гузашт,

Пайғому паёме нашунидему гузашт.

Наврўз шуду зи ҳафт шини лаби ту,

Шаҳдею шаробе начашидему гузашт.

                               ***

Бе рўйи гулат хумори боғам нагирифт,

Гулбоғ ғаме аз дили доғам нагирифт.

Бахти ками ман ҳеҷ ба додам нарасид,

Меҳри ками ту ҳеҷ суроғам нагирифт.

                               ***

Бе рўйи ту армони баҳорам нашикаст,

Армони дили хастаи зорам нашикаст.

Дидам ба Худо талъати хуршеди туро

Аз дур, вале ҳеҷ хуморам нашикаст.

                          ***

Бечораву фикри чорасозӣ дорем,

Бо оташи оҳи ишқ бозӣ дорем.

Дил рў ба намоз нест бо наийяти пок,

Ҳарчанд, ки ҷомаҳо намозӣ дорем.

                           ***

Дирўз ҳавои шаҳр боронӣ буд,

Бозори гули меҳр фаровонӣ буд.

Имрўз дигар қаҳти муҳаббат омад,

Дирўз муҳаббати ту арзонӣ буд.

                          ***

Боло наравам, ки сарви болои ту бас,

Дарё наравам, ки чашми дарёи ту бас.

Дар хонаи пурнақши таманнои дилам,

Гулгуна, таманнои таманнои ту бас.

                                  ***

Дил ошиқи саргаштаву зор аст ҳанўз,

Дар ҷодаи ишқ раҳсипор аст ҳанўз.

Ҳарчанд шамоли тирамоҳ мехезад,

Дар кўчаи дил бўйи баҳор аст ҳанўз.

Таҳияи Мавзуна Назарова

Барчаспҳо: