Сафар Сулаймонӣ донишманди фарҳангшинос, эроншинос ва педагогика, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи иттилоотшиносии Созмони Милали Муттаҳид, узви Бунёди эроншиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳқиқи масоили фарҳанг ва фарҳангшиносӣ саҳми босазо гузоштааст. Донишномаи фарҳангшиносии навин (нашри дувум бо илова ва таҷдиди назар)-и Сафар Сулаймонӣ зери назари доктори илмҳои фалсафа, профессор Саъдулло Раҳимов дар нашриёти Ирфон соли 2018 иборат аз 524 саҳифа, адади нашр 500 нусха аз чоп баромад.
Имрўз илми фарҳангшиносӣ дар қатори дигар илмҳо пешрафт намуда, рўз ба рўз доманаи он густурдатар шудааст. Гарчанде ки кишвари мо собиқаи фарҳангию фарҳангшиносии ғанӣ дорад, аммо то ҳол ба ин илм камтар таваҷҷуҳ зоҳир шуда, улуми фарҳангшиносӣ мавриди беэътиноӣ қарор гирифтааст, ҳол он ки ба забонҳои гуногун дар ин ришта асарҳои зиёд таълиф ва ё тарҷума мешаванд. Мутаассифона, дар кишвари мо ақаллан аз кори тарҷумаи чунин китобҳо иқдоме ҳам ба амал наомадааст.
Ба ин хотир, ин ҳалои илмиро эҳсос карда, фарҳангшиносиро мавриди баррасӣ қарор додаем. Чунин иқдом ҳосили талошҳои ҳамарўзаи муаллиф ва маслиҳати чанд тан донишмандони риштаи фарҳангшиносӣ дар таълифи ин китоб мебошад.
Матни ҳозир кўшишест ба манзури таълифи як Донишнома дар заминаи донишномаи навини фарҳангшиносӣ аз забони русӣ дар тавзеҳи муфассали тоҷикӣ мебошад. Китобҳои зиёде дар фарҳангшиносӣ бо забонҳои гуногун, бавижа, русӣ нашр гардида, ки ҳар як саҳме дар ошноии илми ҷадид ва густариши он аст. Аммо ин талошҳо бо вуҷуди гуногунӣ ва теъдоди зиёд натавонистаанд ниёзи алоқамандонро дар фарҳангшиносӣ таъмин кунанд. Ин аст, ки иттилооти бештари илмии бонизомро дар заминаи фарҳангу тафаккури миллии тоҷикӣ ҳоло дар даст надорем.
Бори аввал кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки дар заминаи фарҳанги миллии тоҷикӣ ва арзишҳои башарии он барои касони бо фарҳангшиносӣ иттилооти бештаре касбкунанда, донишнома таҳия гардад. Ба ин манзур баъзе матнҳои фарҳангшиносиро ба маърази хонандагони гиромӣ гузоштаем.
Бидуни шак таҳия ва таълифи як донишномаи комил дар сатҳи миллӣ имконпазир набуда, имкони ҳамаи маводро дар бар гирифтан мушкил мебошад. Умдатан, донишнома наметавонад дарбаргирандаи мушаххас ва шарҳи кули масоили фарҳангу фарҳангшиносӣ бошад, балки фақат метавонад дар сади кўчаку аз ин дар бар гирад.
Эътибори донишномаҳо дар кори китобҳои марҷаъ ба таври умумӣ аз аҳамияти вижае бархўрдорӣ қарор диҳад. Тўли мақолот дар ин китоб фарқ мекунад. Қаблан вожаҳои русӣ оварда шуда ва баъдан ҳар яке аз он ба забони тоҷикӣ тавсиф гардидаанд. Иттилооти гирдомада бисёр фишурда ва кўтоҳ аст.
Дар таҳияи ин китоб зиндагиномаҳои фаръӣ ва дастаҷамъии дигар низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар дохили ҳар яке низоми алифбоӣ роиҷ мебошад.
Дар Донишномаи мазкур мафҳумҳо ва истилоҳоти фанни фараҳангшиносӣ ба таври мухтасар ва оммавӣ, ки донишҷўён ҳангоми омўхтани фанни номбурда дучор мешаванд, вожаҳои русӣ бо тавсифи тоҷикӣ манзур гаштааст. Дар китоб консепсия ва падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангшиносӣ таҳлил гардидааст. Китоб барои донишҷўён ва кули ниёзмандон имкон медиҳадки захираи луғавии худро дар соҳаи фарҳангшиносӣ бою ғанӣ гардонида, доираи назарашонро васеъ намоянд.
Миҷгона Муродова,
сармутахассиси Маркази
такмили ихтисос