Activities calendar

11 октября 2018

Дар бораи Фалак дар Рӯзи Фалак

Мактаби устод Одина Ҳошим яке аз мактабҳои бузурги фалакхонӣ дар асри 20 мебошад. Асосгузори ин мактаб падари ў устод  Ҳошим Қосим (1907–1969) аст. Устод Одина Ҳошим қолаби мактаби ҳунарии авлодиро шикаста, чандин ҷавонони боистеъдоди замонро тарбия кардааст. Одина Ҳошим ба ғайр аз шогирдони хешу табор, инчунин М. Миров, Ф. Ҳасанов, Ш. Қодиров, М. Қадамов, Ҷ. Қадамов, О. Муҳтарамова, М. Ғаниев, А. Раҳимовро тарбия кардааст.

Фалак (ар – осмон), гардун, арш, мадори ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт, авҷу баландии