Activities calendar

04 октября 2018

Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: КАРНАЙ

Ҳунари карнайсозӣ дар гузашта дар шаҳрҳои калони тоҷикнишини Осиёи Марказӣ роиҷ буд, аммо дар охири асри 19  ва ибтидои асри 20 он тақрибан аз байн рафт. Ҳоло дар шаҳри Истаравшан усто Мирзои карнайсоз бо писарон ва шогирдони худ ба карнайсозӣ ва таъмири карнай ва корҳои дигари мисгарӣ машғул мебошанд. Дар гузашта аҷдоди усто Мирзо – падараш усто Мансур, бобояш – усто Мирсабур, бобокалонаш – усто Миршафӣ ҳама ба карнай машғул буданд.

Пешвои миллат-ҳомии забони миллӣ

Ҳифз ва шинохти марҳалаҳои забони миллӣ ва баланд бардоштани асолати он меҳвари асосии китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони пуртаззоди муосир аст. Дар ҳамин маврид муаллиф дар пешгуфтори китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» менависад: «Забони мо гузашта аз мушкилоти ба истилоҳ «дохилӣ» мустақиман ба ду забони муқтадири ҷаҳон­-русӣ ва англисӣ рў ба рў шуда, чунонки мебинем, дар ин «пайкор» асосан дар ҳолати дифоъ қарор дорад. Агар дар чунин вазъ забон дастгирӣ ва пуштибонии оқилона пайдо накунад, маҳол аст, ки аз ин варта солим бадар омада, асолати таърихии хешро ҳамчун забони мустақилу корагар ҳифз кунад. Албатта ин чунин маъно надорад, ки мо бояд дарвозаҳоро ба рўйи забонҳои дигар бандем».