Ҳунари карнайсозӣ дар гузашта дар шаҳрҳои калони тоҷикнишини Осиёи Марказӣ роиҷ буд, аммо дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 он тақрибан аз байн рафт. Ҳоло дар шаҳри Истаравшан усто Мирзои карнайсоз бо писарон ва шогирдони худ ба карнайсозӣ ва таъмири карнай ва корҳои дигари мисгарӣ машғул мебошанд. Дар гузашта аҷдоди усто Мирзо – падараш усто Мансур, бобояш – усто Мирсабур, бобокалонаш – усто Миршафӣ ҳама ба карнай машғул буданд. Усто Мирзо бо тавсияи санъатшинос Н.Ҳакимов аз рўйи тасвирҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ 8 навъи карнайи аҳди Сомониёнро сохта, ба осорхонаҳо, дастаҳои мусиқӣ ва оркестри ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш намудааст.
Карнай сози мусиқии нафасиест , ки асосан аз биринҷӣ ва баъзан аз мисс сохта мешавад. Карнай аз қисмҳои зерин иборат аст: даҳана, торсак, нил, миёнаҷо ба қубба ва ҷияки ороишӣ. Дарозии карнай 190-210 см. қутури лўлаи он 3,3 см ва вазнаш тақрибан 1 кг мебошад. Аз ҷумла, даҳана бо торсак 85-90 см, миёнаҷо-55см ва кааба–57–63 см дарозӣ доранд.
Карнай–созӣ навъи ҳунари мардумӣ ва як бахши мисгарист. Тарзи сохтани карнай чуни аст: ба рўйи тахта ё варақаи биринҷӣ бо қолаб қисматҳои карнай кашида мешавад ва бо миқрози оҳанбурӣ мебуранд. Нахуст даҳани карнай сохта мешавад. Варақи андо зашудаи даҳанаро, ки «чапони даҳана» номида мешавад, бо миқроз дандона бароварда, дар гирди оҳани лўлакаш мепечонанд. Дандонҳоро бо болғаи чўбин зада маҳкам мекунанд ва даҳана шакли лўларо мегирад.
Ҷойҳои пайвандшударо бо истифода аз нуқра, каме қалъагӣ ва руҳ кафшер мекунанд. Бо болға мавзеи барҷаста ва дағали пайвандҳоро ҳамвор карда,бо сўҳон соида номаълум месозанд. Сипас, даҳанаи карнай бо тезобаву туршоба (кислотаи сулфат ё кислотаи хлорид) тоза карда мешавад. Қисми дигари даҳана– торсакро аз рўйи қолаб бурида, дар оташи баланд мулоим карда, дар қолаби махсус кўфта, ба шакли косача медароранд ва миёнаи онро сўрох мекунанд, то ки нўги борики нил ба он пайваст гардад. Нил яке аз қисмҳои муҳимми карнай буда, як нўги он аз дигараш кушодтар аст. Он низ аз биринҷӣ сохта мешавад, аммо ғафсии тахтаи он маҳинтар аз дигар қисмҳои карнай мебошад.
Нилро лўлавор печонида, ба даруни даҳана мегузоранд ва нўги борики онро ба сўрохи торсак ва нўги васеътари онро ба поини даҳана аз дарун бо қалъагӣ кафшер мекунанд. Миёнаҷои карнай низ бо ҳамин усул тайёр шуда, аз пеш бо даҳана ва аз поин бо кабаи карнай пайванд мешавад. Дар қисмати аввали миёнаҷо (баъди 10–11см) қуббачаи хурдеро барои ороиш аз беруни лўла устувор менамоянд.
Қисми поинии карнай –кааба низ ба ҳамин тарз сохта мешавад.Тахтаи биринҷиро бо қолаб бурида, дандона сохта мепайванданд ва пас аз кафшер кардан бо болға кўфта, филиззи онро сахту чандир месозанд.Девори кааба ҳар қадар бисёр кўфта шавад,ҳамон қадар садо дилкашу ҷарангостӣ берун меояд. Дар мобайни кааба аз берун қуба ҷой мегирад. Пас аз кафшери ниҳоӣ ҳамаи қисмҳои карнай бо гили регаш маҳин соида мешавад,то ки аз доғҳо покиза шавад. Ҷияки ороишӣ алоҳида сохта шуда,онро ба нўги васеи кааба аз берун устувор мекунанд. Дар охир карнайро бо чархи мўйин тоза менамоянд ва он ҷилодор мегардад.
Ҳунари карнайсозӣ дар гузашта дар шаҳрҳои калони тоҷикнишини Осиёи Марказӣ роиҷ буд, аммо дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 он тақрибан аз байн рафт. Ҳоло дар шаҳри Истаравшан усто Мирзои карнайсоз бо писарон ва шогирдони худ ба карнайсозӣ ва таъмири карнай ва корҳои дигари мисгарӣ машғул мебошанд. Дар гузашта аҷдоди усто Мирзо – падараш усто Мансур, бобояш – усто Мирсабур, бобокалонаш – усто Миршафӣ ҳама ба карнай машғул буданд. Усто Мирзо бо тавсияи санъатшинос Н.Ҳакимов аз рўйи тасвирҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ 8 навъи карнайи аҳди Сомониёнро сохта, ба осорхонаҳо, дастаҳои мусиқӣ ва оркестри ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш намудааст.
Аз ҷумла, усто Мирзо навъҳои каҷкарнай, буқ, карнайи шикаста, говдум, нафир, шоҳнафир, силсиласадо ва шайпуро аз нав эҳё кардааст. Дар даҳсолаи охир истифодаи карнай дар ҷашнҳои арўсӣ ва хатнасур, маросимҳои дигари хурсандии тоҷикон маъмул шудааст.
Таҳияи Зебинисо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар