Амун Ёдгорро мешиносед?
Асарҳои созии Амун Ёдгоров низ дарки лирикии воқеиятро инъикос менамоянд, ки дар байни онҳо Консертино барои фортепиано ва оркестри симфонӣ бештар машҳур ва маъмул гардидааст. Ба дўстдорони мусиқӣ инчунин Сонатаи ў барои алт ва фортепиано, Квартети созӣ, Вариатсия барои фортепиано, силсилаи асарҳои вокалии бачагона маълуманд. Мусиқии Амун Ёдгоров бо истифодаи моҳиронаи воситаҳои вокалӣ ва созӣ, талошҳои эҷодӣ дар таҷассуми хусусиятҳои миллӣ, гуногунрангӣ ва фасоҳати оҳанг фарқ мекунад.
Амнун Ёдгоров – бастакор. Соли 1939 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда аст. Соли 1959 синфи ғиҷҷаки Омўзишгоҳи мусиқии Душанберо хатм намуда, ба Консерваторияи Тошканд дохил мешавад. Дар ин ҷо ў машғулиятро дар синфи ғиҷҷак идома дода, бештар ба композитсия таваҷҷўҳ зоҳир мекунад. Сипас дар синфи А. Малахов ва профессор Б. Зейдман ба омўзиши композитсия ҷиддӣ машғул мешавад.
Кори дипломии ў дар Консерватория (1966) симфонияи «Тоҷикистон» буд. Шакли он суннатӣ буда, вале ба муаллиф муяссар гардид, ки ба он бисёр тозакориҳо ва равишҳои хосро ворид созад. Ин асар бо тобишҳои барҷастаи мавзуният, забони хушоҳанг ва оркестровкаи аҷиб фарқ мекунад. Соли 1970 А.Ёдгоров ба узвияти Иттифоқи бастакорони СССР пазируфта мешавад. То ин вақт ў шумораи зиёди асарҳои мусиқиро эҷод мекунад: достони симфонии якқисмаи «Ёдбуди В.И.Ленин», Кантатаи панҷқисма барои сарояндагон, хор ва оркестр «Тулўи офтоб» ба шеъри Ф.Ансорӣ, достони вокалӣ-симфонӣ барои бас ва оркестр «Амвоҷи бародарӣ» дар заминаи порчае аз достони М. Қаноат «Мавҷҳои Днепр» бахшида ба қаҳрамонии мардуми шўравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ораторияи «Говорит Хатынь» барои сароянда, хор ва оркестр ба шеъри Ҷ. Файзулло, кантатаи «Комсомол» (шеъри А.Сидқӣ) ва достони вокалӣсимфонии «Гули бодом» (шеъри М.Қаноат), ки онҳо ифодагари дастоварди бузурги эҷодии ў маҳсуб меёбад. Бастакор ба жанрҳои саҳнавӣ низ таваҷҷўҳ зоҳир менамояд. Ба қалами ў операи мазҳакавии «Сафари айёр» ба либреттои М.Фарҳат, драмаи мусиқии «Лолаи сафед» ба либреттои М.Ҳакимова ва мусиқӣ ба як қатор намоишномаҳои драмавӣ тааллуқ доранд. Вале жанри дўстдоштаи кимпозитор ҳамон мусиқии вокалӣ мебошад. Дар ин ҷода фардияти эҷодии ў бараъло ва мукаммалтар зоҳир мегардад. Дар байни асарҳои ин сабк силсилаи романсҳои «Қалби шоир» ба матни А.Лоҳутиро метавон номбар кард. Романсҳои аз лиҳози хусусияти мусиқӣ гуногун туфайли ривоҷи ботадриҷи симои ягонаи мусиқӣ ба як воҳиди мукаммали дорои мавзўи ягонаи лирикӣ ва хушоҳангӣ муттаҳид гардонида шудаанд. Ин силсила дар Фонди радиои умумииттифоқӣ ҳамчун романсдостони «Илтимоси дил» сабт гардидааст. Дар тамоми асарҳои вокалии бастакор сароғози лирикӣ қотеона садо медиҳад. Ба қалами А.Ёдгоров бисёр сурудҳо, аз ҷумла, «Суруди Норак» (шеъри Г.Сафиева) «Оинаи бахт» (шеъри Ф.Ансорӣ), «Ба қалбам сар мон» (шеъри А.Сидқӣ), «Корвони гулҳо» (шеъри Бобо Ҳоҷӣ) ва дигарон тааллуқ доранд. Ў дар самти тарбияи зебописандии кўдакон корҳои зиёдро анҷом дода, пайваста барои мукаммал гардонии репертуари сарояндагӣ ва мусиқӣомўзгории кўдакон талош меварзад.
Бастакор дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии сурудҳои бачагона (1979) мебошад. Беш аз 40 номгўй асарҳои ў дар нашриётҳои гуногуни шаҳрҳои Москва, Киев, Душанбе чоп шудаанд.
Асарҳои созии А.Ёдгоров низ дарки лирикии воқеиятро инъикос менамоянд, ки дар байни онҳо Консертино барои фортепиано ва оркестри симфонӣ бештар машҳур ва маъмул гардидааст. Ба дўстдорони мусиқӣ инчунин Сонатаи ў барои алт ва фортепиано, Квартети созӣ, Вариатсия барои фортепиано, силсилаи асарҳои вокалии бачагона маълуманд. Мусиқии А. Ёдгоров бо истифодаи моҳиронаи воситаҳои вокалӣ ва созӣ, талошҳои эҷодӣ дар таҷассуми хусусиятҳои миллӣ, гуногунрангӣ ва фасоҳати оҳанг фарқ мекунад.А. Ёдгоров ҳанўз дар овони донишҷўӣ ба фаъолияти омўзгорӣ мароқ зоҳир менамояд. Дар баробари таҳсил ў дар Донишкадаи омўзгории Тошканд ба таълими фанҳои мусиқӣназариявӣ машғул мешавад. Тўли солҳои 1966 то 1972 ў дар Омўзишгоҳи мусиқии Душанбе ва аз соли 1972 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дарс медиҳад. Соли 1984 А.Ёдгоров маҷмўаи «Фугаҳои бастакорони тоҷик»ро ба анҷом мерасонад. Аҷиб аст, ки таҳияи фаъолонаи маҷмўа бисёр муаллифонро ба эҷоди асарҳои нави полифонӣ водор намуд. Таҳияи барномаи курси «Хониши партитураҳои симфонӣ» барои мусиқишиносон ва «Созшиносӣ оид ба оркестри созҳои халқии тоҷик» барои донишҷўёни макотиби мусиқӣ ба анҷом расидааст.А. Ёдгоров аз соли 1992 инҷониб дар Исроил истиқомат мекунад.
Асарҳои мунтахаб Асарҳои мусиқӣ-саҳнавӣ: 1983 – «Сафари айёр», операи мазҳакавӣ, либреттои М. Фарҳат. Асарҳои симфонӣ: 1966 – «Тоҷикистон», симфония. 1970 – «Ба хотираи Ленин», достон симфония.1972 – Консертино барои фортепиано бо оркестр.Асарҳои вокалӣсимфонӣ ва кантатӣораториявӣ: 1967 – «Гули офтоб», шеъри Ф.Ансорӣ, кантата дар 5 қисм барои сарояндагон, кор ва оркестр.1976 – «Комсомол», шеъри А.Сидқӣ, кантата дар 3 қисм барои хори омехта ва оркестр. 1977 – «Мавҷҳои бародарӣ», шеъри М.Қаноат, достони вокалӣсимфонӣ барои бас ва оркестр.1979 – «Гули бодом», шеъри М.Қаноат, достони вокалӣсимфонӣ барои бас ва оркестр.
Асарҳои камеравӣ
1963 – Соната барои алт ва фортепиано.
1965 – Квартети торӣ дар 4 қисм.
1974 – Вариатсия для фортепиано // Сонатины, вариации. Вып. 5
/ Редактор Габриэлов. М., «Сов. бастакор», 1984.
1962 – Силсилаи вокалӣ барои овоз бо ҳамроҳии флейта ва фортепиано, шеърҳои Ф.Ансорӣ.
1974 – Вокальный цикл на рубаи А.Лахути для высокого голоса
и фортепиано. М., «Сов. бастакор», 1985.
1982 – «Роҳа», шеърҳои М.Ҳакимова, силсилаи вокалӣ барои
бачаҳо. – Душанбе, «Ирфон», 1985.
1984 – «Эй дил, ту офтобӣ», рубоиёти А.Рудакӣ, силсилаи
вокалӣ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин китобҳоро шумо метавонед аз шуъбаи Адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дастрас намоед:
Ёдгоров,А. Об омаду об омад .Маҷмуаи таронаҳо – Душанбе, “Маориф” 1991, саҳ.48
Ёдгоров,А. Сайр Прогулка–дар нотаҳо:Пъесаҳои.бастакорони тобарои баян – Душанбе, 1976,. саҳ.11–12
Ёдгоров,А. Соати мо (барои ф–и) Шеъри А.Баҳори–Дар нотаҳо:Суруди бачаҳо . – Душанбе, 1977 , саҳ.44–46.
Зебуннисо Сафарова,
Мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёт доир ба
фарҳанг ва ҳунар