Агар инсон аз хурдсолӣ афсона шунавад, афсона хонад, афсона донад, зиндагии ӯ дар оянда низ зебову гуворо хоҳад шуд. Чунки афсона ба инсон дарси ҷавонмардиву қаҳрамонӣ, ростгӯиву ростқавлӣ, далериву шуҷоатманд, меҳрубониву вафодорӣ ва садоатмандӣ омӯхта, барои амалӣ намудани орзуҳои ширину рангинаш ҳидоят менамояд. Афсона аз замонҳои қадим то имрӯз аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл, аз деҳ ба деҳ, аз кишвар ба кишвар гузашта, суфтаву равон мегарданд ва боз ҳам такмил меёбад.