Дар адабиёти Ғарбу Шарқ роҷеъ ба юришҳои Искандари Мақдунӣ ва ҷоннисориҳои ниёи қаҳрамони мо, Спитамон асарҳои мансуру манзуми зиёде эҷод шудаанд. Таҳқиқот хоҳ таърихист хоҳ адабӣ назари нависандаро ба ин воқеоти хеле қадим ифода мекунад. Ба вижа, симои Искандар дар назми ниёгони мо чун паямбар, хирадманд ва хайрхоҳу адолатпарвар таҷассум гардидааст.
Шоири заҳматкаш ва пуркор, дўсти гиромии ман Сайдулло Амин ҷасорати навбатӣ зоҳир намуда,ба офаридани симоҳои Искандару Спитамон камар барбастаанд.
Офаридани достонҳои каҳарамонӣ дар адабиёти бостонии форсу
Дар дили мо гар намеоӣ ба чашми мо биё,
Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё!
Хок дар чашмам занад наззора ҳамчун гирдбод,
Эй насими пираҳан, аз домани саҳро биё!
Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,
Бар сари сайди худ, эй сайёди бепарво биё!
Синаро чун лола аз доғат чароғон кардам,