Азизи Азиз барои бачаҳо афсона ва ҳикоя менависад. Чанд китоби латифаю чистонҳояш низ ба чоп расидаанд. Вале бештар чун афсонанавис шинохта шудааст. Дар китобҳои ў «Афсона ва ҳикояҳо» (соли 1989, «Адиб»), «Хандонак» (соли 1998, «Нодир»), “Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул» (соли 1998, «Пайванд»), «Қарзи сарлашкар» (соли 2001, «Адиб»), «Донишманд ва девдарахт» (соли 2010, «Адиб»), «Афсонаи об», «Шаш ва нўҳ», «Саргузашти заргўшак», «Чилпо», «Афсонаи тарс», «Ҷануб кадом тараф аст?» (соли 2013, «Истиқбол») беҳтарин навиштаҳояш гирд оварда шудаанд.
Имрўз ҳар як сокини ин диёр ифтихормандона аз рўзи Пойтахти зебову дилрабои хеш шаҳри Душанбе хушнуди изҳор менамоянд. Андешамандона дар дил умеди боз ҳам зебову дилоро гаштани Пойтахти тоҷикиони рўи заминро мепарваранд. Халқи тоҷик дар тўли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳрҳои зиёд бунёд кардааст, ки мавриди таваҷуҳи оламиён буданд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боќӣ мондааст.
Яке аз неъматҳои бузурги ин дунё китоб аст, ки бо фоидабахшиҳои он метавон ниҳоли ақлро сабзонид ва аз он ғаниматҳои зиёдеро бардошт. Китоб сарчашмаи илму дониш буда, моро ба ҷаҳону олами ҳастӣ ошно месозад. Китоб дӯстест, ки аз ҳамнишинӣ тарк ва ҳазар намекунад. Рафиқест бе малол ва муомилаест, ки фиреб намедиҳад. Китоб чизест, ки ҳар қадар назар кунӣ, малакаат зиёду табъат шод ва забонат кушода мешавад.
Адиби маъруф, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фотеҳ Ниёзӣ – муаллифи хонотарин повесту романҳои ҷангӣ имрӯз садупаҷсола шуд. Фотеҳ Ниёзӣ аз ҷумлаи адибоне буд, ки аз соли аввали ҷанг худро дар саҳнаи муҳориба зидди истилогарони фашистӣ зад, дар шадидтарин ҷангҳо ширкат намуд, аз ҷумлаи муҳофизони Сталинград буд. Баъдан муовини муҳаррири ҳарбии «Фрунзевец» - ро ба ўҳда гирифтаву то анҷоми ҷанг дар ҳамин