Аз Зафар Сайидзода то кунун бештар аз бист матлаб дар сомонаи мо интишор ёфтааст. 13 китоби ӯро дар шакли электронӣ ба мутолиаи хонандагони худ пешкаш кардаем. Дар ин муддат китобҳои Зафар Сайидзода ва матолдиби чопшуда дар бораи осори ӯро дар сомнаи Китобхонаи миллӣ 29 ҳазору 301 нафар мутолиа кардаанд.
Аввали урдибиҳштмоҳи ҳар сол (баробар ба 21 апрели соли масеҳӣ) Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри форсӣ, орифу ҳакиму фарзонаи бузург – Афсаҳу-л-мутакаллимин Шайх Саъдийи Шерозист. «Саъдӣ ҳикмати амалиро ба пойи «кабутари номабар»-и сабукболи тезпарвози шеъру адаби худ баста ва ва онро дар ҳама офоқи забони форсӣ ва маорифи исломӣ карон то карон ба парвоз даровардааст. Агар «Гулистон»-у «Бӯстон» набуд, олами ислом аз маҷмуъае латиф аз ахлоқу ҳикмати амалӣ маҳрум
Бо ташаббуси шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба бахшида ба 141 – солагии Устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони « Солонаи Садриддин Айнӣ» доир гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов зикр намуд, ки “хизматҳои олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон дар
Абдусалом Атобоев 20 апрели соли 1934 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми Омўзишгоҳи омўзгории Конибодом чанде дар зодгоҳаш муаллимӣ кардааст. Соли 1958 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро ба поён расондааст. Муддате дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва маҷаллаи «Машъал» кор кардааст, чанде сармуҳаррири бахши репертуари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон будааст. Аз солҳои 60-ум ба кори
Ҷамолиддин Тошматов аз зумраи адибоне буд, ки бо тоҷикиву ӯзбекӣ хуб менавишт. Ҳарчанд адиби ӯзбекзабони Тоҷикистон буд, вале мақолоту очекҳои зиёдеро бо тоҷикӣ навиштаву маъруфият пайдо карда буд. Агар умр барояш вафо мекард, имсол 80-сола мешуд.
Нависанда, публисист ва рўзноманигор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷамолиддин Тошматов 20-уми апрели соли 1939 дар деҳаи Яккатераи ноҳияи Конибодом дар оилаи колхозчӣ
Дар Кохи фарҳанги “Суғдиён» маҳфили ёдбуди шоира Норинисои Алимуҳаммад таҳти унвони «Чароғи меҳр» бо иштироки аҳли адаб ва мухлисони шоира баргузор гардид. Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд меҳрномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба самъи ҳозирин расонида, аз ҷумла афзуд, ки гиромӣ доштани шахсиятҳои арзанда, хидматҳои онон дар инкишофу пешрафти ҷомеа аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати