Ӯро бештар бо ҳамин расмаш бо Иосиф Сталин мешиносанд. Замони Шӯравӣ миёни пионерон ин расм ва соҳиби он шуҳрати беандоза доштанд. Бо гузашти солҳо кам касоне мондаанд, ки корномаи Мамлакат Наҳанговаро донанд. Ин мақола ёдномаест аз у ва расми машҳуре, ки замоне саҳифаҳои беҳтарин нашрияҳои кишварро оро медод.
Соли 1924 дар хонадони тоҷики шоҳмансурӣ (Шоҳмансур деҳае буд дар ҳудуди пойтахти имрўзаи Тоҷикистон) тифлаки хушандоме ба дунё
Дар радио ва телевизиони Тоҷикистон ба мисли садои Бурҳон Раҳмон кам садое буд, ки ба аксарият ошно набошад. Шунавандагон бахши бурунмарзии радиои Тоҷикистон, ки бо ин садо хӯ гирифта буданд, дар Эрону Афғонистон ва ҳар ҷо, ки он солҳо мавҷи радиои кишвар мерасид, интизор мешуданд. Гузашта аз ҳама Бурҳон Раҳмон инсони комил буд, вай ҳамеша ба дӯстонаш ва ҳамкоронаш дасти м адад дароз мекард. Хушсухану хушсуҳбат буд. Агар зинда мебуд, аз баҳори 85-и умр гул мечид. Ёдаш ба хайр.