Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ дар семоҳаи аввал дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон 84 нафар донишҷўён аз макотиби оливу миёнаи м ахсуси пойтахт ба таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд. Таҷрибаомўзӣ як қисми асосии ҷараёни таълим ба шумор рафта, ба таҳкими намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷўён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани маҳорату малакаҳои касбӣ аз рўи самт (ихтисос)-и интихобкардаи онҳо равона карда шудааст.
Ду нафар аз кормандони ҷавони Китобхонаи миллии Тоҷикистон - Абубакр Аминов, сардори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва Зафар Саидов -сардори Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ бо унвони «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ гардиданд. Дар ҷаласаи ҳисоботии фаъолияти семоҳаи Китобхонаи миллӣ Директори китобхона, профессор Абдусалом Мирализода ба ин ду тан ҷоиза ва
Соли 2014 Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар силсилаи донишномаи осори классикии форс-тоҷик боз як китоби камназир «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Зайнуддин Маҳмуди Восифиро пешкаши хонандагон намуд. Асари мазкур шоҳкори насри бадеъ дар адабиёти форс-тоҷик аст. Онро оинаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, адабии охири қарни понздаҳум ва нимаи аввали қарни шонздаҳуми Хуросону Мовароуннаҳр метавон гуфт. «Бадоеъу-л-вақоеъ» аз ҳикоёту қиссаҳо, ёддоштҳо,
Кайҳон ва кайҳонавард мавзӯъи аслии суҳбате буд, ки чанде пештар дар маҳфили “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасон баррасӣ шуд. Аслан “Дастони моҳир”, ки маҳфили созандагони наврас аст, ин бор ба ифтихори Рӯзи кайҳонавардон доир шуд. Ҳар сол дар ин маҳфил ёде аз ин рӯз мешавад. Аммо ин бор на дар бораи Юрий Гагарин-аввалин кайҳонаварди олам, балки дар бораи Кайҳон ва худмати он барои мо заминиён суҳбат шуд. Яъне, Кайҳон барои Замин чӣ медиҳад ва ин сарфи миллиардҳо
Муаррифии филмҳои тоҷикро бахшида 90-солагии кинои тоҷик идома медиҳем. Соли 1958 киностудияи «Тоҷикфилм» истеҳсоли филми бадеӣ «Вазифаи олӣ»-ро аз рӯи асари Л. Ҳалимҷонов, коргардон Б.Кимёгаров, наворбардор М.Шуриков, бастакор С.Баласанян, матни сурудҳо аз шоир А.Сидқӣ ба роҳ монд.
Филми «Вазифаи олӣ»-ро, ки ба киностудияи «Тоҷикфилм» муваффақияти муайяне овард, драмаи лирикӣ ҳисобидан мумкин аст. Филм дар бораи тақдири духтури ҷавон Зулфия
Аз фарҳангистони даврони Сосониён - «Гунди Шопур» ёд овардан кифоя аст, ки китобхонаи бузургаш аз 250 ҳуҷра ибрат буд, ҳазорҳо китоб ба паҳлавию юнонӣ ва ғайра он ҷо ҳифз мешуданд. Хоса замони Сомониёни волотабор аксари шаҳрҳои қаламравашон китобхонаҳо доштанд, дар Бухоро бузургтарин ва ғанитарин китобхонаи давр - «Сивон-ул-ҳикмат» бунёд ёфт, ки замина ба илми китобдорию китобшиносии миллиамон гузошт. Маҳз ҳамин аҳди дурахшони Сомониён буд, ки забони ноби тоҷикӣ - форсӣ