Кайҳон дар хизмати Замин. Оё ин дуруст аст?
Нашр шуд 2019-04-16 13:32
Кайҳон ва кайҳонавард мавзӯъи аслии суҳбате буд, ки чанде пештар дар маҳфили “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасон баррасӣ шуд. Аслан “Дастони моҳир”, ки маҳфили созандагони наврас аст, ин бор ба ифтихори Рӯзи кайҳонавардон доир шуд. Ҳар сол дар ин маҳфил ёде аз ин рӯз мешавад. Аммо ин бор на дар бораи Юрий Гагарин-аввалин кайҳонаварди олам, балки дар бораи Кайҳон ва худмати он барои мо заминиён суҳбат шуд. Яъне, Кайҳон барои Замин чӣ медиҳад ва ин сарфи миллиардҳо доллар барои киштиҳои кайҳониву ковишгарон дар кайҳон чи манфиате дорад?
Замоне рафтан ба кайҳону баргаштан аз он афсона буд. Аммо ҳоло ин дигар афсона нест. На танҳо рафтану баргаштан, балки пажӯҳиши илмӣ дар фазои кайҳон низ дигар афсона нест. Илми имрӯз аз додаҳои кайҳон хуб истифода мебарад ва хеле пажӯҳишҳое инсоният дорад, ки пас аз омӯзиши кайҳон ба даст оврадааст. Дар ин бора метаовн соатҳо суҳбат кард. Мураббӣ дар маҳфили “Дастони моҳир” танҳо чанде аз дастовардҳои кайҳонпажӯҳиширо гуфт.
Чунончӣ, тадқиқи кайҳонй дар ҳалли мушкилоти кишоварзӣ аҳамият пайдо кард. Масалан, ҳоло аз рӯи суратҳои кайҳонй дараҷаи пухтани зироат, намнокии хок, минтақаҳои аз ҳашарот зарардидаро муайян мекунанд. Бино бар маълумоте, ки аз коинот гирифта мешаванд, шиддати обхезӣ ва хавфу хатари онро пешгўи кардан имконпазир мешавад. Киштиҳои уқёнусгард ва дарёнавардон аз нишондоди техникаи кайҳонӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Дидбонии кайҳонӣ махсус таъсис шудааст, ки бешазорҳои бузургро аз сўхтор, киштиҳоро аз хавфи тўфонҳои ҳалокатовар огоҳ мекунанд.
Ба туфайли тараққиёти пайдарпаи техника ва истеҳсолоти саноатй дар солҳои охир рўи замини мо як андоза ғуборолуд шудааст.Техникаи каҳонй дар ҳалли ин масъала ҳам мададгор мешавад. Радифҳо ғуборолудии атмосфераро мушоҳида мекунанд ва олимон аз рўи он барои чораҳои амалй тафсияномаҳо тартиб медиҳанд. Коинот инчунин барои пешрафти истеҳсолоти саноатй таъсири ҷиддй расонда истодааст. Ба ақидаи олимон, дар шароити бевазнй ва вакуумй кайҳонй кристаллҳои сунъӣ ва моддаҳои холисро сабзондан мумкин аст. Атмосфераи Замин як миқдор нурҳои кайҳониро, ки барои мавҷудоти зинда ҳалокатоваранд, боз медорад. Кайҳонавардон П.Климук ва В.Лебедев, ки дар киштии кайҳонии «Союз-13» ба коинот парвоз карда буданд, бо телескопии «Ориён» спектри ультрабунафши Офтобро ба навор гирифтанд. Ҳамин тариқ, дар баландии 500 километр аз сатҳи Замин мушоҳида ва тадқиқи ситорагон ва нури кайҳонӣ дар тараққиёти ахтаршиносии беруни атмосферй саҳифаи нав кушод.
Ковишгарони фазоӣ дар тадқиқи сайёраҳои системаи Офтоб низ пешравиҳои илмй ба вуҷуд оварданд. Масалан, ковишгари «Венера-8» бори нахустин ба сатҳи сайёраи Зўҳра нишаста, чунин маълумотҳои илмиро ба замин фиристод; фишор дар сатҳи сайёра 100 атмосфера, ҳарорат 500 дараҷаи Селсий. Ҳоло мо шоҳиди онем, ки ковишгарони фазоӣ ва киштиҳои нақлиётӣ дар Кайҳон паҳлу ба паҳлу кор мекунанд. Ковишгари «Салют-4» бо худ таҷҳизоти ниҳоят мураккаб дорад. Танҳо вазни таҷҳизоти илмии он бештар аз 2 тонна аст.
Собиқ иттиҳоди Шўъравӣ ба инсон роҳи Коинотро кушод. Акнун бисёр давлатҳои ҷаҳон барои фатҳи Коинот бо ин роҳ мераванд.
Замин хонаи кайҳонии тамоми инсоният аст. Ва аз ин рў бояд ҳамаи халқҳо барои ободии он бикўшанд ва дар шароити сулҳу амони зиндагӣ ба сар баранд.
Ва инак, мураббӣ ба поёни нақли худ расид ва бачаҳо супориш гирифтанд, ки тибқи ин нақл манзараҳои кайҳонро наққошӣ кунанд ва ё бисозанд. Бачаҳо, ки ботаваҷҷуҳ ба нақли шавқовари мураббӣ гӯш дода буданд, ба осонӣ аз уҳдаи супориш баромаданд.
Таҳияи Фирӯза Аҳророва
мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон