Туғрал Шоҳинро мусоҳиб шудаву худро аз шогирдони ў мешуморид, лекин аз ашъораш маълум мешавад, ки шогирдиаш ба Шохин танҳо ба ном аст, танқиду тасҳеҳи ўро надидааст. Зеро агар монанди Туғрал як комилистеъдод аз мисли Шохин як устоди комил танқиду роҳбарӣ медид, ҳеҷ гоҳ ба ашъораш он қадар хомиҳо, ки ба девони Туғрал дида мешавад, пайдо намешуд.
(Аз девонаш)
Дил ба тоқи абруи ў майпарастӣ мекунад,
Чун кабўтар дар ҳавои Каъба мастӣ мекунад.
Аз баландӣ кай расад бар зурваи он остон,
Толеъу иқболи сустам сахт пастӣ мекунад.
Сурма дорад орзў чашм аз ғубори мақдамаш,
Хоки пояшро ҷабидам пешдастӣ мекунад.
Ҳеҷ кас дар ишқи Лайлӣ нест ин ҷо устувор,
Кай чу Маҷнун дигаре даъвои ҳастӣ мекунад?!
Аҷз бошад дар талаб шамъи далели муддао,
Сад дуруст аз мўмиё як дилшикастӣ мекунад.
Фикри мавзунам кунун, Туғрал, дар иқлими сухан
Ҳукми девони вазорат чун Маҳастӣ мекунад.
Дар татаббўъ ва танзимини Бедил:
Зи ҷўши ашк дар обам, гуҳарбор инчунин бояд,
Зи шоми ғам сияҳрўзам, шаби тор инчунин бояд.
Намебошад ба ғайр аз яъс дигар дастгири ман,
Ба накбатхонаи дунё мададкор инчунин бояд.
Надорад куфри зулфаш ҳеҷ оини мусулмонӣ,
Ба кеши Аҳриман, албатта, зуннор инчунин бояд.
Зи дасти нокасе ҳамсанги пои мўр гардидам,
Ба мизони муҳаббат вазну миқдор инчунин бояд.
Матоъи ҳарду олам нақди меҳнатро намеарзад,
Қумоши ҷинси ғамро нархи бозор инчунин бояд.
Адиби тифли ашки ошиқон бошад сиришки ман,
Бале, дар силки ҷавҳар дури шаҳвор инчунин бояд.
Пари парвона бошад равғани шамъи вафо имшаб,
Ба арзи муддао сомони изҳор инчунин бояд.
Арақ гул мекунад аз ҷавҳари акси рухаш ҳар дам,
Ба ҳайратхонаи ойина меъмор инчунин бояд.
Ҳазораш офарин, Туғрал, бар ин мисраи Бедил:
«Зи ҳар сў дом бар дўшам, гирифтор инчунин бояд.»
Нақибхони Туғрал дар куҳистони Фалғар таваллуд ёфта, дар Самарқанду Бухоро таҳсили камол намудааст.
Дар охирҳои ҳол обу ҳавои тозаи кўхистонро аз зиндагонии шаъшаъадори пурташвиши шаҳрҳо тарҷеҳ карда, дар он ҷо ба деҳқониву чорводорӣ машғулӣгузида буд.
Дар соли 1919 ба хидмати ҳукумати шўроӣ даромада, ба ватани худ – Фалғар кор мекард. Дар вақти ҳуҷуми босмачиёни Масчоҳ ба Фалғар ҳамроҳи асокири сурх ба акси ҳуҷум иштирок намуда буд. Дар он сафар ба сабабе кушта шуд.
Туғрал муқаллиди Бедил аст, лекин мисли бисёртарини муқаллидони Бедил дар ин пайравӣ ҳеҷ муваффақ нашудааст. Истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаъиди болодавӣ буд. Агар табъи худро дар асорати тақлиди Бедил намеандохт ва ҳам ба ҳаққи худ бисёр некбин намебуд, аз саромадони замони худ шуданаш муҳаққақ буд.
Туғрал Шоҳинро мусоҳиб шудаву худро аз шогирдони ў мешуморид, лекин аз ашъораш маълум мешавад, ки шогирдиаш ба Шохин танҳо ба ном аст, танқиду тасҳеҳи ўро надидааст. Зеро агар монанди Туғрал як комилистеъдод аз мисли Шохин як устоди комил танқиду роҳбарӣ медид, ҳеҷ гоҳ ба ашъораш он қадар хомиҳо, ки ба девони Туғрал дида мешавад, пайдо намешуд.
Муҳофизаи Туғрал бисёр қавӣ буд, қасидаҳои машҳури шуарои мутақаддиминро азбар медонист. Аз «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шоҳин ҳам хеле абётро азбар дошт.
Туғрал соҳибдевон аст. Аксари абёташ дар пайравӣ ва тазмини Бедил иншод шудааст. Девони Ту ғрал, ки дорои (тахминан) 4000 байт аст, соли 1334/1916 дар Бухоро ба матбааи Когон табъ ёфтааст.
Таърихи мақтул шудани Туғралро ҳоҷӣ Абдуллоҳ Файёзи Хуҷандӣ иншод кардааст:
Дуболо шуд саҳбои шаҳодат,
Ба базми ҷовидонӣ кайфи Туғрал,
Хирад фармуд бо Файёз: баргў
Ба таърихи вафоташ – «ҳайфи Туғрал» (1337).
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.
Таҳияи Уғул Бобораҳимова,
мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.