Activities calendar

06 октября 2020

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Мирзоҳайит туқсабо Саҳбои Вобкандӣ (Аз тумани Бухоро, шаҳид-1336/1918)

(Аз тазкираи Садри Зиё)

Гуфтам: Ҳама побанди ту шуд. Гуфт: Шумо чӣ?

Гуфтам: Зи ғамат сўхт дилам. Гуфт: Ба мо чӣ?

Гуфтам: Чи шавад ҳосили мо? Гуфт: Надонам.

Гуфтам: Ба сарам даст бинеҳ. Гуфт, ки по чӣ?

Гуфтам: Кӣ бувад ошиқи ту? Гуфт, ки Саҳбо. 

Ҳикоёти латифу пандомӯз

​Гўянд:  Подшоҳе ба хотири   дарёфти  илму  дониш  ва  маърифате  бештар   фарзанди  хеш,  шоҳзодаи  валиаҳдро  назди  мўбади  оқиле гузошт. Мўбад   солору донишманд буд, аммо хеле  сахтгир! Ба ҳангоми дарсу хониш шоҳзодаро    сахт  мегирифт  ва ҳатто боре  барои   ноогаҳӣ  аз дарсаш  ўро  чўбе   зад.  Шоҳзода савганд  хўрд, ки  чун  ба  тахт  шинад, ҳатман аз  амали  устод   ёд  хоҳад  кард  ва ўро дарси  адаб  хоҳад  дод. Муддате гузашт. Шоҳзода  бар  тахт  нишаст. Рўзе  амали  устод  ба  хотираш 

Меҳргон ва сабати пурмеваи он дар маҳфили “Дастони моҳир”

Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бахшида ба ҷашни «Меҳргон» маҳфили вижа доир шуд. Чун анъана ба хонандагони хурдсол дар бораи ҳадафи мавзӯъ маълумот доданд. Дар бораи Меҳргон, маънии истилоҳ ва чигунагии ин ҷашнвора як суҳбати муфассал ва хотирмон доир шуд.

Ба хонандагон аз ҷумла гуфта шуд, ки: Меҳргон яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, ки таърихи ҳафтҳазорсола дошта, баъд аз ҷашни Наврўз дуюми иди муборак ва пуршукўҳи ниёгонамон ба ҳисоб мерафт. 

Рӯзи забон муборак!

Мувофиқи тадқиқоти рўзномаи бритонии Independent дар рўйи замин сатҳи нобудшавии забонҳо аз ҳайвоноту парандагон дида баландтар будааст. Масалан, дар 500 соли охир дар рўйи замин тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё нест шудаанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат дар дунё 1,3 дарсади парандаҳо ва 1,9 дарсади навъҳои ҳайвонот ба коми нестӣ рафтаанд. Дар тамоми тўли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн рафтааст. Дар 

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо - соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям. Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф,  гиромӣ