Ҳикоёти латифу пандомӯз

Гўянд:  Подшоҳе ба хотири   дарёфти  илму  дониш  ва  маърифате  бештар   фарзанди  хеш,  шоҳзодаи  валиаҳдро  назди  мўбади  оқиле гузошт. Мўбад   солору донишманд буд, аммо хеле  сахтгир! Ба ҳангоми дарсу хониш шоҳзодаро    сахт  мегирифт  ва ҳатто боре  барои   ноогаҳӣ  аз дарсаш  ўро  чўбе   зад.  Шоҳзода савганд  хўрд, ки  чун  ба  тахт  шинад, ҳатман аз  амали  устод   ёд  хоҳад  кард  ва ўро дарси  адаб  хоҳад  дод. Муддате гузашт. Шоҳзода  бар  тахт  нишаст. Рўзе  амали  устод  ба  хотираш  омад.

Чўберо бар  худ  гирифт ва  амр  кард, то мубадро  пайдо  кунанд. Мударрис    хабар  ёфт ва  меваи ширине бо худ  гирифт.  Баъди дидор шоҳзода хост ўро сарзаниш ва  чўбкорӣ кунад: Гуфт:

- Ёд дорӣ боре бо  чўбе  сахт  маро  озурдӣ?!».

Мударрис  аз  бағал  меваи  ширин  берун  кард  ва  гуфт: «Ин  мева  бо ҳамин  латифӣ ҳосили фалон  чўб  аст!»

Шоҳзодаро ҷавоб  писанд  омад  ва   гиромияш    дошт. 

Ин гуна ҳикоёти пандомез дар китобҳои Китобхонаи миллӣ зиёданд. Ҳикоёти латифу омӯзанда ва дорои аҳаммияти волои тарбиявӣ. Ҳар касе аз сокинон, новобаста ба синну сол, забону мазҳаб ва ирқу нажод ҳуқуқи фаровону беандозаи истифода аз ин ганҷинаи маърифат доранд.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон чун як  хазинаи бузург ганҷи шойгонест барои мардуми  Тоҷикистон, ки  бо иқдоми  фарзандони фарзонаи миллат дар мавзеи  дилфиребу нотакрори   нозанин,  Муҷассамаи  Исмоили  Сомонӣ, Қасри миллат, Нишон ва  Парчами миллӣ  қомат афрохта, барои садсолаҳо ва  ҳазорсолаҳои дигар  барои   мардуми тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик  хизмат хоҳад кард.

Ойҷонгул  Давронова

мутахассиси  шуъбаи  адабиёти

техникӣ  ва  илмҳои  дақиқ.