Муаллиф Шавкат Бозоров, соли чоп 2015, макони чоп шаҳри Душанбе.
Ин китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ мутобиқи муҳтавои ҳатмии курси «менеҷменти стратегӣ», ки аз ҷониби Стандарти таълимии давлатии таҳсилоти олии касби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як қатор ихтисосҳои иқтисодӣ муқарар гардидааст, омода карда шудааст.
Китоб аз 2 боб ва 16 мавзўъ иборат мебошад. Илова ба ин дар китоб тестҳо, рўйхати адабиёти истифода шуда, луғати тафсирии истилоҳот замимаҳо низ ҷойгир ҳастанд.
Маврид ба ёдоварист, ки аввали баҳори соли гузашта олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар бораи чопи ду китоби дарсӣ оид ба менеҷмент хабар дода буданд. Рӯнамои ин китобҳо 10-уми марти соли гузашта дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо барггузор шуда буд. Китобҳо бо унвони “Менеҷмент” ва “Менеҷменти стратегӣ” таҳти роҳбарии устоди Донишгоҳ Шавкат Бозоров бо забони тоҷикӣ таҳия шудаанд.
Китоби “Менеҷмент” дар ҳаммуаллифии ҷамъи устодони кафедраи менеҷменти ДМИТ (Ш. Бозоров, Д. Назарамонова, С. Қосимова, Г. Ҳасанова, А. Ҳамидов) таҳия гашта, аҳамияти ин соҳаро дар ҷомеаи муосир бозгӯ мекунад. Ба гуфтаи Шавкат Бозоров, менеҷменти стратегӣ бо тарзҳо ва ғояҳои нав мунтазам тақвият меёбад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки донишҷӯён, роҳбарон ва менеҷерҳо на танҳо бо дастовардҳои назарияи маъмулӣ ва тарзҳои менеҷменти стратегӣ шинос бошанд, балки бо дарназардошти дурнамои Тоҷикистон самтҳои густариши онро муаррифӣ созанд.
Китоби “Менеҷменти стратегӣ”-ро метавонед аз Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ пайдо ма мутолиа намоед.