Семёнов Александр Александрович (1873—1958) шарқшинос, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951), директори Институти таърих, археология ва этнографияи АИТ, асари навбатии худ бо номи «Тасвири этнографии Зарафшони куҳӣ, Қаротегин ва Дарвоз»-ро (Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза) соли 1903 дар шаҳри Москва аз чоп бароварда буд. Ин китоб аз 112 саҳифаи матнӣ ва даҳ саҳифаи махсуси тасвирӣ иборат буда, матни китоб бо
Инсоният дар тўли таърихи фаъолияти худ ҳамеша кушиш ба харҷ додааст, ки ба мушкилоти мухталифи зиндагӣ посух бигўяд, сиру асрори ҷомеаву зиндагиро ошкор намояд. Бисёр гуфта шудааст, ки мутолиа огоҳии мардумро зиёд менамояд ва ин боварӣ дар нигоҳи ҷамъӣ боис мешавад то ҳалли масъала дар ҷомеа афзоиш пайдо кунад. Ин албатта, кори саҳл ва осон нест, ки аз мутолиа бармеояд, он ҳам дар ҷаҳоне, ки метавонад мутолиа эътимод ба нафси афродро
Феҳристнигории нусхахои хаттӣ, яке аз фунуни тахассусии муҳим ва абзори бисёр муфид барои таҳқиқоти илмӣ махсуб мешавад. Дар ҷаҳони Ғарб дар ин замина фаъолияти зиёде сурат гирифта ва осори арзишманде ба забонхои гуногуни дунё падид омадааст. Дар партави ҳамин муроҷиа имрўз мо метавонем аз чӣ гуна сурат гирифтани тавсифи нусхаҳои хаттии форсиву точикӣ харф бизанем.
Қобили зикр аст, ки тавсифи нусхаҳои хаттии Ғарб
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту панҷ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик