Вижагиҳои феҳристнигории нуcxaҳoи хаттӣ

Феҳристнигории нусхахои хаттӣ, яке аз фунуни тахассусии муҳим ва  абзори бисёр муфид барои таҳқиқоти илмӣ махсуб мешавад. Дар ҷаҳони Ғарб дар ин замина фаъолияти зиёде сурат гирифта ва осори арзишманде ба забонхои гуногуни дунё падид омадааст. Дар партави ҳамин муроҷиа имрўз мо метавонем аз чӣ гуна сурат гирифтани тавсифи нусхаҳои хаттии форсиву точикӣ харф бизанем.
Қобили зикр аст, ки тавсифи нусхаҳои хаттии Ғарб аз нусхахои хаттии Шарқ комилан фарқ мекунанд, мутаассифона дар матнҳои куҳани шарқӣ дар аксар ҳолатҳо номи муаллиф, макони таълиф, торихи таълиф ва ба ин монанд масоил номаълум боқӣ мемонал, ки ин ҳини омўзиш ва  таҳқиқ мушкилоте пеш меоварад. Аз ин хотир тасмим гирифем, ки мухтасаран перомуни нуқтаҳои муҳиме, ки бояд феҳристнигор дар мавриди тавсифи осори хаттӣ мутаваҷҷех шавад, изҳори назар кунем.

1. Унвони китоб ё номи асар аз муҳимтарин иттилоотест, ки ҳар феҳристнигор бояд ба он таваҷҷуҳи комил кунад.
2. Зикри унвони машҳур ё номҳои дигари китоб, ки бархе китобҳо бо чанд ном машҳуранд. Бинобар ин феҳристнавис пас аз номи аслӣ бояд унвони дигари китобро низ зикр кунад.
3. Расмулхати  унвон. Дар зикри унвони китоб бояд расмулхати он бо ҳамон сурати аслӣ, ки муаллиф интихоб ва навиштааст, нақл шавад. Масалан, агар номи китоб арабӣ бошад бо хамон сурат арабӣ нақл шавад ва  агар форсӣ acт ба ҳамон шакл навишта  шавад.
4. Яқин ба унвони китоб, муҳаққиқ ба унвоне, ки барои китоб интихоб мекунад бояд эътимод дошта бошад ва бидонад номи ин ки­тоб вокеъан ҳамин унвон аст, бинобар ин агар камтарин эҳтимол дар бораи нодурустии унвони интихобшуда дорад, бояд дарҷ намояд, ки беҳтарин роҳ барои унвони китоб муроҷеъа ба муқаддимаи муаллиф аст, чунки ағлаб муаллифон дар муқаддимаи китоби худ номи асарро зикр намудаанд. Ба номхое, ки дар шерози китоб ё сафҳаи аввали нусха навишта шудааст, набояд эътимод намуд. Эътимоди феҳристнигорон ба ин навиштаҳо муҷиби эҷоди мушкилот ва иштибоҳоти фаровон дар феҳристҳо шудааст.
5. Китобҳои маҷҳулулунвон (беном) китобҳое, ки номи онҳо бар феҳристнигор равшан нашудааст, феҳристнигор худ исме ба­рои китоб интихоб мекунад. Номҳое, ки дар ин маврид интихоб мешаванд ағлаби кулл ва бо ишора ба мавзўи китоб ё луғати он аст. Гунае ки менависанд, рисолае дар фиқҳ, рисолае дар наҳв ва ишколе, ки дар феҳристҳои нусхаҳои хаттӣ дар ин замина ба чашм мехўрад ин аст, ки феҳрнстнигорон барои унвонҳое, ки худ интихоб менамоянд, ҳеҷ аломат ва рамзе қарор надодаанд ва аз ин pў хонанда намедонад чӣ унвоне боэътимод ва чӣ унвонеро фехристнигор интихоб кардааст.
6. Номҳои дигари китоб - барои бархе китобҳо бо мурури замон чанд ном интихоб ёфтааст, дар феҳристи ин гуна китобҳо ибтидои номе, ки муаллиф барои асараш инти­хоб намуда ба унвони номи аслӣ зикр гардида ва пас аз он дигар номҳо ба унвони номҳои фаръӣ зикр мегардад. Бобҳое, ки унвони хосе  надоранд, чун бархе муаллифон барои  китоби худ унвоне интихоб намекунанд, феҳристи ин гуна  китобҳо бо душвориҳои зиёде муваҷҷаҳ буда ва дар ҳар феҳрист номе барои он зикр шуда ва ҳамин амр муҷиби махфӣ монанди нусхаҳои он гардидааст.
Бобҳои чанд унвонӣ - бархе муаллифон барои китобҳои худ чанд ном интихоб намудаанд,  ки ҳамин амр низ муҷиби ноҳамоҳангӣ дар феҳристи ин гуна китобҳо гардидааст.
Унвони машҳур аз номаш пайдост - унвоност, ки асар ба он ном низ шуҳрат дорад.
Падидовар - (муаллиф, мутарҷим, шореҳ, ҳошиянавис ва нозим) муаллиф фардест, ки китобро таълиф карда бошад, мутарҷим шахсест, ки китобро ба забоне монанди форсӣ тарҷума карда бошад, шореҳ шахсе, ки кито­бро шарҳ дода бошад, ҳошиянавис фардест, ки ҳошиянависии нусхаро анҷом додааст.
Мавзўи  нусха - мавзўоте, ки нусха дар бо­раи онҳо баҳс мекунад.
Луғат ё забони китобат забоне, ки китоб бо он навишта шуда дар феҳрист аз аҳамияти вожаӣ бархўрдор аст ва чанд матлабе дар ин бора бояд риоят шавад:
- зикри забони китоб баъд аз унвони он;
- китобҳои чандзабона - бархе аз китобҳо бо чанд забон таълиф шуда ё чанд забон дар он мавриди истифода қарор гирифтааст, мо­нанди тафсири Абулфатхи Розӣ, ки дар ин ки­тоб гарчи матни аслии он Куръони карим аст, ба арабӣ аст, вале забони он форсӣ мебошад, дар ин ҳолат бояд ҳар ду забон зикр шавад;
- рохнамоӣ ба соири манобеъ, ки иттилооти нусха дар онхо низ зикр шуда, барои ба даст овардани иттилооти бештар. Агар китоб аз китобҳои машҳур бошад метавон ба ҷои пардохтан ба ин мавзуъ хонандаро ба масодири муътабаре, ки китобшиносии он китоб дар он зикр гардида, роҳнамоӣ  кард.
Агар китоб аз китобҳои шинохта шуда набошад ва нусхаи он нодир ё мунҳасир бо­шад, дар ин сурат овардани китобшиносӣ лозим ва зарурӣ aст ва матолиб зер бояд дар он риоят шавад;
- агар муаллиф китобашро барои касе на­вишта  ё ба касе тақдим намуд, номи ин шахс зикр мешавад:
- овардани таърихи итмоми таълифи китоб;
- овардани теъдоди фаслҳо ва бахшҳои китоб ва унвони  онҳо;
- агар унвони китоб ва ё муаллифи он ношинохта бошад, тавзеҳоти марбут ба унвон ё  муаллиф дар ин қисмат дарҷ  мегардад.
7. Ҳошияи нусха - ҳошия дар истилоҳи нусхашиносӣ иборат аст аз матолиби вобаста ба ибороти матни китоби мундариҷ дар қисматҳои канораҳои сегонаи сафаҳоти нус­ха ба тавре, ки тамоми заминаи канораҳоро  шомил  нагардад.
8. Навъи  нусха.
9. Тақсимоти нусха.
10. Таърихи таълиф.
11. Маҳалли таълиф.
12. Нуқсҳои нусха - аз ҷумла метавон ба мавриди зер ишора дошт, ки комил aст аз аввал ноқис аст, аз охир ноқис аст, варақи миёна ноқис aст ва ғайра.
13. Офат ва осебҳо, пусидагӣ, рутубат,  даридагӣ, соидашуда  ва ғайра.
14. Оғоз ва анҷоми нусха.
15. Навъи хатти матн - дар ин бахш навъи хатте, ки нусха ба он таҳрир шуда зикр мегардад, пас аз зикри навъи хат бояд хусусияти он низ зикр гардад. Хусусияти хат бар ду бахш аст: хусусияти ҳунарӣ монанди зебоӣ ва фаннӣ будани xaт ва хусусияти илмӣ монанди хоно будан. Зикри хусусияти илмии хат дар феҳристҳо аз аҳамияти бештаре бархурдор аст, зеро хеле хатҳо аз назари хунарӣ дорои имтиёзи болое ҳастанд, вале аз нигоҳи илмӣ эътибор ва арзише надоранд, монанди хатти шикастаи настаълиқ, ки аз назари ҳунари хаттотӣ мавриди таваҷҷуҳ аст, аммо аз ҷиҳати илмӣ муҷиби нохоно будан ва иштибоҳ хонда шудани бештари калимот гардида ва усулан яке аз далоили умдаи таҳсифи китобхо, ҳамин навъ хат будааст.
16. Кайфияти хат (мумтоз, олӣ, хуш, хоно, нохоно ва...).
17. Мушаххасоти супоришдиҳандаи китоб - теъдоди зиёде аз нусхахо ба супориши дигарон китобат шуда ва котиб баъд аз баёни китобат маъмулан ёдоварӣ мекунад, ки барои фалон шахс таҳрир намудааст. Дар ин гуна маврид бояд ин номҳо нақл шавад, чун ағлаби ин афрод имрўз шинохта шуда нестанд...
18. Теъдоди сатрҳо (дар ҳар саҳифа).
19. Маҳалли китобат.
20. Таърихи китобат - дар бархе аз нусхаҳо котибон пас аз зикри таърихи хиҷрӣ - қамарӣ таърихҳои дигареро зикр мекунанд, ки ин гуна таърихҳо дорои фавоиди зиёдаст ва бояд нақл гардад.
21. Арзиши китобат (камғалат, беғалат).
22. Маҳал ва таърихи навнависӣ.
23. Мушахассоти коғаз (тайини навъи коғаз).
24. Андозаи китоб ва матн.
25. Тазйиноти нусха - шинохти  арзишҳои нусха, на тасвирҳои онҳо дар тавсифи нусхаҳо ва ҳатто гоҳе дар шинохти таърихии онхо мав­риди таваҷҷуҳ будааст.
26. Таҷлиди нусха -  ҷилди нусха аз чанд ҷиҳат мавриди таваҷҷуҳ аст: навъи сохти ҷилд, ҷинси ҷилд, тазйинот ва нақшҳои ҷилд.
27. Ёддоштҳо иборат   аз баёни муҳрҳо (муҳрҳои китобхона ё шахсӣ ё хусусӣ).
28. Таърихи иҳдои нусха.
29. Таърихи харидории нусха.
30. Тарзи нигоҳдорӣ ва ҳифозати  нусха.
31. Маҳалли нигоҳдории нусха (номи кишвар, шахр, кигобхона ва ...).

Адабиёти истифодашуда

1. Аҳмад, М. Феҳристи нусхаҳои хаттии форсӣ [Матн]: Иборат аз 6 ҷилд. – Теҳрон, 1969-1974. - Бо алифбои арабиасос.
2. Китобшиносии феҳристҳои нусхаҳои хаттии форсӣ дар китобхонаҳои дунё [Матн] /Бо кўшиши Эраҷ Афшор. – Теҳрон, 1958. -  88 с. Бо алифбои арабиасос.
3. Саидориф Н. Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии музейи миллии Карочи-Покистон [Maтн]: Интишороти маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон. – Теҳрон, 1983. 1077 с. -  Бо алиф­бои арабиасос.
4. Юнусов. А. Феҳристи дастнависҳои тоҷикӣ- форсии Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ[Матн]. – Душанбе, 1971.  – Ҷ. 1. – 296 с.
5. Баевский С.И.  Описание таджикских и персидских рукописей Института народов Азии [Текст]: Персидские толковые словари. -  М.: На­ука,  1962. -  Вып.4. -  79 с.
6. Миклухо-Маклай, Н.Д. Описание таджикских и персидских рукописей Института востоковедения [Текст]: Географические и космографи­ческие сочинения. - М.-Л.:Изд. АН СССР, 1955. - Вып. 1.- 106 с.
7. Тагирджанов. A. T. Описание таджикских и персидских рукописей Восточного отдела би­блиотеки ЛГУ [Текст]: История биографии, география. -  Л., 1962. -  Т.1. -  512 с.