Хеле кутоҳ дар бораи фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2016-12-29 10:46
Самти дигари муҳимми фаъолияти Китобхонаи миллӣ роҳандозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва методӣ-библиографӣ, таҳия ва чоп намудани дастурҳои методӣ, дастурҳои библиографӣ, баргардон ва ба нашр омода намудани осори ниёгон ва асарҳои илмии ба таъриху фарҳанги мо бахшидашуда мебошад.
Дар соли 2016 китобҳои силсилаи «Тоҷнома» («Мероси хаттии бостон», ҷилди 2, «Таърихи Байҳақӣ», «Ҳудуд-ул-олам»), «Забони миллат- ҳастии миллат», «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ»-и Е.Э. Бертелс, «Садои ошно»-и Ғуломнабии Ашқарӣ, «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Тўсӣ, «Гавҳаршиноси маънӣ», «Пояҳои густариши забони адабии тоҷикӣ», «Тоҷикон»-и Шишов, «Рўзномаи сафар ба Самарқанд ба дарбори Темур»-и Де Клавихо, «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои соли 2017) ба нашр расиданд.
Ҳамчунин дар соли 2016 дастурҳои методии “Алӣ Бобоҷон-шоири ширинсухан”, “Саттор Турсун-суханвари мумтози наср”, “Салимшоҳ Ҳалимшоҳ-шоир ва тарҷумони барҷаста”, “Ҳабиб Юсуфӣ-таронасарои Ватан”, “Иноят Насриддин-нависандаи муосир”, “Абдусалом Деҳотӣ-адиби хушнигор”, “Файзулло Ансорӣ-суханвари мумтози наср”, омода гардид.
Оид ба мавзўъҳои “Иноят Насриддин”, “Саттор Турсун”, “Ҳабиб Юсуфӣ”, “Китобхона рукни тамаддуни башарӣ”, “Тамаддуни наврўзӣ”, “Арбобони фарҳанги тоҷик” ва ғайра як қатор мақолаҳо дар рўзномаҳои ҷумҳурӣ ба чоп расонида шуд.
Инчунин тибқи супориши раёсат баҳри беҳтар намудани фаъолияти Китобхона таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар мавзўъҳои “Вазъи ташрифоварии донишҷўён ба КМТ”, “Хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон; вазъ ва дурнамои он”, “Вазъи ташрифоварии хонандагон ба Китобхона” ва “Вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмӣ ба КМТ” гузаронида шуд.