Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд 2016-04-23 15:32
Табиати Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумотҳои навтарин дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13.000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4.500 намуди рустаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кўҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст.
Ҳаёт ва рўзгори беш аз 70% аҳолии кишвар аз истифодаи сарватҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некўаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 267 намуди рустаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Дар китоб мавқеъи таснифотӣ, номҳои лотинӣ ва тоҷикӣ, мақоми ҳифз, хусусиятҳои биологӣ ва экологӣ, тадбирҳои ҳифз, харитаи паҳншавӣ ва аксҳои ҳар як намуди рустанӣ ва ҳайвонот оварда шудааст.
“Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳуҷҷати давлатӣ буда, барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳаҳои ботаника ва зоология, омўзгорон ва донишҷуёни донишгоҳҳои олӣ ва оммави васеъи хонандагону дўстдорони табиат тавсия карда мешавад.
Алҳол нашри дуюми “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон”
ин китоб дар бойгонии Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад ва барои ҳамаи хонандагон дастрас аст.
Таҳияи Ҷамил Валиев