Ҳамоиши байналмилалии гиромидошти 575-солагии мавлуди Алишери Навоӣ, шоир, мутафаккир ва сиёсатмадори турктабори замони Темуриён имрӯз бо ширкати ҷамъе аз шоирон, олимон, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон, Туркия, Ҳинд ва Покистон дар кохи Раёсати ҷумҳурии Афғонистон ифтитоҳ шуд. Хабаргузориҳо мегӯянд аввалин рӯзи ҳамоиш дар Арки Раёсати ҷумҳурии
Субҳи имрӯз, 13 -уми апрел, дар толори осорхонаи забони тоҷикии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ҷамъе аз донишмандон, аҳли адабу фарҳанг ҳамоиши илмии «Солонаи Айнӣ» баргузор шуд. Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илм, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов маърӯзаи муфассале дар бораи устод Айнӣ, осори ӯ ва шахсияти ин донишманди беназир кард. Профессор Маҳмадаминов, ки умре Айниро таҳқиқ намудааст, аз ҷумла гуфт, агар осори боқимондаи устод Айнӣ аз бойгониҳои Федератсияи Русия аз ҷумла, Санкт Петербург, Бухоро, Самарқанд, Тошканд гирдоварӣ карда шаванд, як ганҷинаи бебаҳои мероси фарҳангӣ фароҳам меояд. Ба андешаи профессор Маҳмадаминов осори парешони Садриддин Айнӣ метавонад дар сурати ҷамъоварии комил беш аз 50 ҷилдро