Махзани шуъбаи хизматрасонии библиографӣ китобҳоеро муаррифӣ мекунад, ки ахиран аз ноширони хориҷи кишвар ворид шудаанд.
Инҳо аслан китобҳои илмианд. Оид ба илмҳои забоншиносӣ, китобдорӣ, ҳуқуқ, риёзӣ, тибб, кимиё, иқтисод, луғатшиносӣ, адабиётшиносӣ ва ғайра.
Дар миёни ин китобҳо дастурамалҳое низ оид ба сохтмон, таъмири хона, симҳои барқ, маълумотномаҳо, ороишоти занона ва истифодаи
Чорабинии навбатии «Даъват ба китоб ва Китобхонаи миллӣ» баъди зуҳри имрӯз, 27-уми апрел дар толори Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мулоқот ҷамъе аз донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи миллӣ гирд омаданд ва дар бораи Китобхонаи миллӣ ва шароитҳои он маълумоти муфассал дарёфт карданд.
Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов дар бораи ҳадафи мулоқот бо хонандагон ибрози назар...
Рӯнамои ҷилди аввали китоби тозанашри «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ширкати беш аз 60 нафар донишмандон ва муҳаққиқону фарҳангнигорон баргузор шуд.
Ҷилди аввали “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” бо талоши Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи мардуми тоҷик” нашр шуд ва он барои муаррифии арзишҳои маънавии халқи азизамон нақши муҳим дорад. Ин китоби бисёрҷилда доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо, маросимҳо ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик маълумот дода, хонандаро ба таърихи ташаккули фарҳанги миллиамон шинос менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар бойгониҳои илмию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла институтҳои таҳқиқотии Академияи илмҳо, пажўҳишгоҳҳову донишгоҳҳо, Осорхонаи миллӣ ва дигар
Шоираи тоҷик Назокат Олмизода бо хонандагонаш аз мактаби рақами 8 шаҳри Душанбе дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот кард.
Ин вохӯрӣ бо ташаббуси Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ баргузор шуд.
Дар ин дидор Назокат Олимзода аз ҳаёту фаъолияти эҷодии худ ба хонандагон нақл кард, дар бораи аввалин шеърҳо ва китобҳояш қиссаҳои шуниданӣ ҳикоят намуд. Ҳамчунин аз шеърҳои наву ашъори пешинаш намунаҳо хонд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин ширкаткунандагон, аз ҷумлаи хонандагони боистеъдоди мактаби ёдшуда шеърҳои худро дар назди шоира қироат карданд. Ва бо омӯзгори фанни мусиқии мактаб Головчанский Николай Яковлевич дар васфи Тоҷикистон ва пойтахти азизашон шаҳри Душанбе суруд хонданд.