Боз аз осмони адаб ситорае канда шуд, боз шоире моро тарк гуфт.
Боз суханваре дунёи фониро ба қасди олами боқӣ бигзошту бирафт.
Устод Бобо Ҳоҷӣ, адиби тозагӯ, ширинкалом дигар миёни мо нес. Оне, ки умре барои атфол навишт, оне, ки талош кард дунёи тифли дар худ дошта бошад, оне, ки гуфту навишту чун кӯдак софу беғаш монд, дигар дар миёни мо нест.
Бобо Ҳоҷӣ замоне аз олам рафт, ки 88 сол дошт. Наздикони марҳум ба хабарнигрон гуфтанд, ки вақтҳои охир бистарӣ буд ва қалбаш бегоҳии