Activities calendar

12 апреля 2016

Китобфурӯшии Китобхонаи миллӣ бо китобҳои нав ғанӣ шуд

Мағозаи китоби Китобхонаи миллӣ бо чанд китоби нави ноширони кишвар ғанӣ шуд. Аз ҷумла, аз нашриёти Сарредакцияи илмии Энциклопедияи Миллии Тоҷик китобҳои «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Наводир-ул-вақоеъ», «Самаки айёр», «Шикифтаҳои бадан», «Сиккаҳои Ҳисори Шодмон», аз нашриёти «Адиб» А. Сўфизода «Ҳазору як рубоӣ», «Шашмақом», Эмомали Раҳмон- «Наврўз-шиносномаи миллат», «Сурудҳои мардумии Кўлоб», Ҷ. Азонзод...

Кайҳон ва инсон: бачаҳо дар бораи аввалин парвоз чиро донанд? (Видео)


Аз хабаре оғоз мекунем, ки ба рӯзи Кайҳонавардӣ ихтисос дорад. Фардо, 12-уми апрел ба аввалин парвози инсон ба Кайҳон 55 сол пур мешавад.
Тасаввури кӯдаконаи кайҳонавардону киштиҳои кайҳонӣ
Дар маҳфили ҳарҳафтаинаи “Дастони моҳир”, ки субҳи имрӯз дар толори кӯдакони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, тарҳи киштии кайҳонӣ супориш шуд. Ҳадаф он буд, ки дониши бачаҳо дар бораи Кайҳон ва каҳонавард санҷида шавад.