Китобфурӯшии Китобхонаи миллӣ бо китобҳои нав ғанӣ шуд

Мағозаи китоби Китобхонаи миллӣ бо чанд китоби нави ноширони кишвар ғанӣ шуд. Аз ҷумла, аз нашриёти Сарредакцияи илмии Энциклопедияи Миллии Тоҷик китобҳои «Ахлоқи Мўҳсинӣ», «Наводир-ул-вақоеъ», «Самаки айёр», «Шикифтаҳои бадан», «Сиккаҳои Ҳисори Шодмон», аз нашриёти «Адиб» А. Сўфизода «Ҳазору як рубоӣ», «Шашмақом», Эмомали Раҳмон- «Наврўз-шиносномаи миллат», «Сурудҳои мардумии Кўлоб», Ҷ. Азонзод «Растаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ» ва аз нашриёти «Ирфон» Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»(бо забони инглисӣ), «Албоми Тоҷикистон», Ҷалолиддини Румӣ «Маснавии маънавӣ», «Оила рукни асосии ҷомеъа», «Пешво - ифтихори миллат» ба тозагӣ дар рафҳои ин китобфурӯшӣ пайдо шуданд. Ҳамчуноне аз номашон пайдост, бештари ин китобҳо таърихӣ, забоншиносӣ, ҳуқуқ буда, бархе повесту роман ва маҷмуъи шеърҳои адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик мебошад. Ҳамчунин дар ин қатор чанд луғати тафсирӣ, қомусномаҳою рўзномаву маҷаллаҳои кўдакона низ ҳастанд. Хонандагон инчунин метавонанд аз ин китобфурӯшӣ ба забонҳои гуногун, аз ҷумла русӣ, инглисӣ ва бо ҳуруфи ниёгон китобҳо пайдо кунанд. Қобили зикр аст, ки шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ барои пурра намудани рафҳои мағозаи фурўши китоб дар ояндаи наздик боз бо якчанд нашриётҳои давлати ва хусуси шартномаи дуҷониба бастанд. Гуфтанист, ки аз китобфурӯшии Китобхонаи миллӣ меҳмонони хориҷӣ низ пайваста дидан ба амал меоранд ва аз асарҳои рассомӣ ва гулдӯзиҳо, ҳамчунин китобҳои хуб армуғон мебаранд. Чунончӣ, ҳафтаи сипаришуда ҳайате аз ҷумлаи шаҳрвандони Чин ва Лаҳистон меҳмонони ин мағоза буданд. Ташриф биёред, дари он ҳамеша ба рӯйи муштариёни китоб боз аст. Ин китобфурӯшӣ, ки тақрибан ҳамқадам ба бунёди Китобхонаи миллӣ ташкил шудааст, дар ошёнаи якум, аз самти рости даромадгоҳи асосӣ ҷойгир аст. Барои ба китобфурӯшӣ даромадан шарт нест, ки шумо вориди Китобхона шавед. Дари вурудӣ аз берун аст ва дар дилхоҳ соати маъмулии корӣ метавонед аз он дидан кунед.