Бахши дигар аз китоби Зафар Сайидзода барои муҳоҷирин.
Китобест, ки як муҳоҷири корӣ дар Русия барои ошноӣ бо таъриху тамаддуни ин кишвар мехонад ва огоҳ мешавад, ки кистанд русҳо ва чӣ тамаддуну чӣ таърих доранд. Воқеъан, ҳатто бигзарем аз он ки ҳоло Русия барои қабули муҳоҷир аз ӯ имтиҳон мегирад, донистани таърих хуб ҳасту бад нест.
Умуман маърифату дониш дар ҳеч замоне барои
Абдуҷаббор Раҳмонзода Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз зинаи сеюми таҳсил дур мондани духтарон дар кишварро масъалаи ҷиддӣ донист.
Ёвари Президенти Тоҷикистон, ки имрз дар конфронси ҷумҳуриявии «Соли оила- идомабахши сиёсати меҳварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи зан ва оила» дар Китобхонаи миллӣ суханронӣ мекард, гуфт: «Як масъалаи ҷиддие, ки бояд
“Гули ҳафтранг” аз маъруфтарин афсонаҳост, ки барои аксари кӯдакон ошност. Ин бор дар маҳфили “Дастони моҳир” кормандони толори кӯдакон ин афсонаи шуниданиро интихоб карданд ва аввал баъди эълон номи афсона аз ширкаткунандагон пурсиданд, ки киҳо онро шунидаанд. Аксарият!
Ва афсона пурра нақл шуд. Аз иштирокдорон хоста шуд тасаввуроти худро дар бораи ин афсона ва қаҳрамонҳои он бикашанд ва ё аз
Дар охирин рӯзи моҳи март дар Китобхонаи миллӣ бори дигар аз Наврӯз ёд шуд.
Ин бор Маркази қонуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ мизбони ширкаткунандагони маҳфили наврӯзии “Дирӯз ва имрӯзи Наврӯз” буд.
Шамсиддин Солеҳов, мудири шуъба дар сухани ифтитоҳӣ аз Наврӯз ва суннатҳои наврӯзиву таърихи ин ҷашни бузург ёдоварӣ кард.
Масъалаҳои маданияти миллӣ, хештаншиносии миллӣ, асолат ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар сархати андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Масъалаҳои маданияту маънавиёт аз назари Пешвои миллат аз баски тақдирсоз ҳастанд, шарти муҳимтарини суботи сиёсӣ ва беҳдошти асолати миллат ҳастанд, тақрибан дар ҳамаи суханрониҳояшон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.