Гули ҳафтранги баҳорӣ дар “Дастони моҳир”
Нашр шуд 2016-04-01 08:49
“Гули ҳафтранг” аз маъруфтарин афсонаҳост, ки барои аксари кӯдакон ошност. Ин бор дар маҳфили “Дастони моҳир” кормандони толори кӯдакон ин афсонаи шуниданиро интихоб карданд ва аввал баъди эълон номи афсона аз ширкаткунандагон пурсиданд, ки киҳо онро шунидаанд. Аксарият!
Ва афсона пурра нақл шуд. Аз иштирокдорон хоста шуд тасаввуроти худро дар бораи ин афсона ва қаҳрамонҳои он бикашанд ва ё аз коғазҳо омода кунанд.
Фирӯза Аҳророва, ки масъули маҳфили имрӯз буд, талош мекард бо як меҳрубонии устодона атфолро раҳнамоӣ кунад, ҳавасманд намояд, ки онҳо метавонанд тасвирҳои афсонаи шунидаи худро офаранд.
Маҳфил басо шавқовар гузашт ва натиҷа он шуд, ки дар аксҳои ҳамкорамон Хусраави Милод мебинед.