Ёде аз Мир Алишери Навоӣ

Дўстӣ ва рафоқати Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, шеърҳои шоирони машҳури тоҷики асри XV – Хоҷа Масъуди Қумӣ, Камолиддин Биноӣ, Амир Суҳайлӣ, Мавлоно Нодирӣ, Ҳилолӣ, Осафӣ, Соғарӣ, Мавлоно Субҳӣ, Саид Ҳасани Ардашер, Ҳофизи Ёрӣ ва дигарон аз ҳамсўҳбатони Навоӣ буданд, низ дар мавридҳои алоҳида дар ҳаққи шоирию фозилӣ ва илтифоту ғамхориҳои Навоӣ суханҳои нек гуфтаанд ва баъзе аз онҳо дар тавсифи ў шеърҳо навиштаанд, ки  намунаи барҷастаи дўстӣ ва бародарӣ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарии халқҳои тоҷик ва ўзбек мебошанд.

Ҳамкории ин ду марди таърихӣ намунаи беҳтарини муносибатҳои бародаронаи ду халқи Мовароунаҳр – тоҷикон ва ўзбекон мебошад. Хидмати бузурге, ки онҳо, махсусан, дар рушди фарҳанги асри XV анҷом додаанд, қиёснопазир аст.

Вақте, ки мо сухан аз дўстии халқҳои тоҷику узбек сар мекунем, ҳамоно пеши назари мо Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Низомуддин Мир Алишер Навоӣ ҷилвагар мегардад.

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Низомуддин Мир Алишер Навоӣ дар тамоми давраи дўстии худ чӣ дар ҳаёти шахсӣ ва чӣ дар корҳои эҷодӣ ба ҳамдигар мададгор ва ҳамфикру ҳамақида буданд. Ин ду марди олиқадр на танҳо ҳамақида, балки дар муносибат ба якдигар чун устод ва шогирд, падар ва писар буданд. Ашъор ва суханҳои неке, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ҳаққи Алишер Навоӣ гуфтааст, дар давоми робитаи дўстӣ ва ҳамкории онҳо пайдо шудаанд ва онҳо ҳамчун  маъхази муҳимми тасдиқкунандаи ин дўстӣ хизмат мекунанд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар сарсухани достони худ “Лайлӣ ва Маҷнун” дар ҳаққи дўстӣ сухан ронда, намунаи беҳтарини дўстию вафодориро дар симои Алишер Навоӣ мебинад ва иникос менамояд.

Ҳоло хостем барои дӯстдорони каломи бадеъ чанд намунае аз эҷодиёти Мир Алишери Навоӣ орем, ки бахше аз он ба Абдурраҳмони Ҷомӣ бахшида шудаанд.

 Аз ғазалиёт

                                        Хоҳам навишт

Дар фироқи ёр мактубе агар хоҳам навишт.

Саргузашти чашму лаб аз хушку тар хоҳам навишт.

З-ин қиёмат зеру боло шуд сурайёву сарӣ,

Аз тапишҳои дили зеру забар хоҳам навишт.

Ҳуд-ҳуди ишқам, надорам эҳтиёҷи номабар,

Номаи меҳру вафо бар болу пар хоҳам навишт.

Дасти Монӣ кўтаҳ аст аз нақши он зулфи дароз,

Шаб дароз асту сияҳ, ман хубтар хоҳам навишт.

Сими холис гашт симоби дил аз иксири ишқ,

Бар ҷабини дил хати он симбар хоҳам навишт.

Мулки ҳастӣ шуд мусаххар, Фонӣ, аз имдоди ишқ,

Фатҳу нусрат бар сари теғу сипар хоҳам навишт!

Рубоиёт

Ҳарчанд ҷудо зи каъбаи кўи туам, 

Вобаста ба меҳроби ду абрўи туам.

Аз ҷон гўям дуои ҷонат ҳама умр.

То ҷон бувадам ба ҷон дуогўи туам.

 

Аз гардиши айём кашидем ситам,

В-аз чашми бади замона дидем алам.

Будем ҷудо зи дўстон якчанде,

Сад шукр, ки оқибат расидем ба ҳам.

 

Бе ёру диёри худ малоле дорам,

Рухсораи зарду ранги оле дорам,

Дил дода зи дасту тан зи по афтода,

Дар ғурбатаму ғариб ҳоле дорам.

Аз мактубҳои ба Абдураҳмони Ҷомӣ навиштаи Навоӣ

То дур фитода сарам аз хоки дарат,

Ҳар рўз диҳам ба номае дарди сарат.

Бе худ гардам, чу нома ояд зи барат,

Ман бехабар аз нома чӣ донам хабарат?!

             ***   ***   ***

То кай чу сабо ҳар тарафам ҷилвагарӣ?

Хоҳам сўи сарви  худ кунам пайсипарӣ

Фарёдкунону хок бар сар фиганон

Гўям, ки халосам кун аз ин дарбадарӣ!

                    ***   ***   ***

Эй бод дилам бишуд дигар ҷониби ёр!

Ҷон ҳам бубару аз пои ў соз нисор!

В-он гаҳ қадаре зи хоки пояш бардор,

Баҳри ивази ҷони мани ғамзада ор!

Интихоби Абдуслом Деҳотӣ. Маҷаллаи “Шарқи Сурх”, соли 1948, №5.

Таҳияи Дилноза Ғаниева, мутахассиси пешбари

маркази такмили ихтисос.

Барчаспҳо: