Зарфи се моҳи гузашта 84 нафар донишомӯзон дар Китобхонаи миллӣ таҷриба омӯхтанд
Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ дар семоҳаи аввал дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон 84 нафар донишҷўён аз макотиби оливу миёнаи м ахсуси пойтахт ба таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд. Таҷрибаомўзӣ як қисми асосии ҷараёни таълим ба шумор рафта, ба таҳкими намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷўён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани маҳорату малакаҳои касбӣ аз рўи самт (ихтисос)-и интихобкардаи онҳо равона карда шудааст.
Мақсади ташкил ва гузаронидани таҷрибаомўзӣ аз ташаккул додани маҳорати касбии донишҷўён дар асоси омўзиши таҷрибаи фаъолияти кории муассиса, ташкилот, корхона, тақвият бахшидан ба малакаи тахассусии онҳо оид ба мустақилона ташкил намудан ва гузаронидани корҳо, қабули қарорҳои дахлдор дар самт (ихтисос)-и интихобкардаашон иборат аст. Муҳлати гузаронидани таҷрибаомўзӣ тибқи нақшаҳои таълимӣ самт (ихтисос)-ҳо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муайян карда шуда, аз рўи барномаҳои аз тарафи кафедраҳои тахассусӣ таҳиягардида, ба роҳ монда мешавад.
Вазифаи таҷрибаомўзии донишҷўён дар марҳалаҳои гуногуни таълим, вобаста ба курс ва самт (ихтисос) дар доираи талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимии амалкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқарраргардида, ифода мегардад. Таҷрибаомўзии таълимӣ (шиносоӣ) корҳои таълимиеро дар бар гирифтааст, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани онҳо донишҷўён маълумоти аввалинро дар бораи хусусиятҳои фаъолияти касбии самт (ихтисос)-и интихобкардаи худ ба даст меоранд.
Вазифаҳои таҷрибаомўзии таълимӣ (шиносоӣ) дар муайян намудани асосҳои фаъолияти касби оянда ва баланд бардоштани маҳорат ва малакаи аввалини тахассусии донишҷў ифода мегардад. Таҷрибаомўзии истеҳсолӣ аз рўи самт (ихтисос) бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои назариявии донишҷўён, аз рўи фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ, ҷамъоварии маводи таълимӣ барои навиштани корҳои курсӣ гузаронида мешавад.
Донишҷўён дар асоси барномаи мақсаднок таҷрибаомўзии худро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегузаронанд, ки бо онҳо шартномаи тарафайн ба имзо расонида шудааст. Ба гурўҳҳои таҷрибаомўзон аз ҳисоби кормандони собиқадори Китобхона роҳбар таъин мешавад, ки таҷрибаомўзонро бо адабиёт, маводи методӣ, ҳуҷҷатҳои техникӣ ва дигар санадҳои меёрии ҳуқуқӣ, ки барои иҷрои барномаҳои таҷрибаомўзӣ заруранд, таъмин менамоянд ва дониҷўёнро ба макони таҷрибаомўзӣ яъне ба Марказ, ва шуъбаю бахшҳои КМТ сафарбар менамоянд.
Дар оғози таҷрибаомўзӣ донишҷўён аз қоидаҳои техникаи бехатарӣ, қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва тартиботи дохилии Китобхона шинос мешаванд. Вақти кории донишҷўёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми гузаштан аз таҷрибаомўзӣ бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиб дароварда мешавад ва барои донишҷўёни аз сини 18-сола боло ҳафтае на зиёдтар аз 40 соатро дарбар мегирад.
Ҳисобот оид ба таҷрибаомўзӣ, рўзномаи таҷрибаомўзӣ ва тавсифнома дар бораи донишҷў бо гузоштани имзо аз тарафи роҳбари таҷрибаомўзӣ аз Китобхона ва бо муҳр тасдиқ карда шуда ба ҳар як донишҷў дода мешавад.
Мақсади асосии таҷрибаи истеҳсолии донишҷўён дар заминаи омўзиши амиқи кори корхонаҳо ба даст овардани малака, азхуд намудани тарзу усулҳои кор дар шароити нави хоҷагидорӣ, тақвияти дониш мебошад, ки онро донишҷўён дар ҷараёни таълим дар Китобхона ҳосил мекунанд.
Донишҷўён вобаста ба самт (ихтисос)-и дар Китобхона касбӣ интихобкардаашон дар шароити истеҳсолии корхона корҳои зерин:
- азбар намудани технологияҳои муосири истеҳсолот; -
- омўзиши хусусиятҳои истеҳсолии корхона, иқтисодиёт, ташкил ва идораи истеҳсолот,
- азхуд намудани тарзи истифодабарии таҷҳизот, дастгоҳҳо ва моҳияти механикакунонӣ ва автоматикунонии раванди истеҳсолот ва ғайраро иҷро намуданд.
Роҳбари таҷрибаомўзӣ аз Китобхона вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- донишҷўёнро бо ҷойи муайяни кор, идора намудани раванди технологӣ, таҷҳизот, воситаҳои техникӣ ёрирасон ва истифодаи онҳо, истеҳсолот, муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва ғайра шинос мекунад;
- аз болои кори истеҳсолии таҷрибаомўзон назорати доимӣ мебарад;
- ба онҳо дар бобати иҷрои дурусти ҳамаи супоришҳо дар ҷойи кор ёрии амалӣ расонида, онҳоро бо усулҳои пешқадами кор ва технологияи муосир шинос карда, оид ба масъалаҳои истеҳсолӣ машварат медиҳад;
- ба донишҷўёни таҷрибаомӯз тарзи тарзи пур кардани рўзномаи таҷрибаомўзӣ ва тайёр намудани ҳисоботи донишҷўёнро оид ба таҷрибаомўзӣ таҳти назорат гарифта, ба онҳо тавсифномаи истеҳсолӣ тартиб медиҳад, ки дар он фаъолияти донишҷў дар бобати иҷрои барномаи таҷрибаомўзӣ, супоришҳои ҷудогона ва муносибати донишҷў ба кор, зикр карда мешаванд.
Барои мукаммал намудани дониши донишҷўён дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба таҷрибаомўзии таълимӣ, истеҳсолӣ аҳамияти калон дода мешавад.
Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ дар семоҳаи аввал дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон 84 нафар донишҷўён аз макотиби оливу миёнаи м ахсуси пойтахт ба таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд.
Маркази такмили ихтисос